Асосӣ Хабарҳо ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ҶОМЕЪИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ҶОМЕЪИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАСҶИДИ МАРКАЗИИ ҶОМЕЪИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2018-02-12
78

Имрӯз, 9-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Дар асоси лоиҳа, ки бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода шудааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргарон фаъолият доранд.  Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “СТС - Иншоот” ва Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Дар ин ҷо бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахтони зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбуй шинонида мешавад, ки ба ин мавзеъ ҳусн мебахшад ва ҳам ба саломатии одамон фоидаовар аст.

Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст. Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

Ба андешаи Президенти мамлакат иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:33
Пешин13:00
Аср16:11
Шом18:13
Хуфтан19:43
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар