Асосӣ Хабарҳо Кумаки иттиҳодияҳои динии Ёвон: 72 ҳазор сомонӣ барои харидории мизу курсӣ ва дигар лавозимот

Кумаки иттиҳодияҳои динии Ёвон: 72 ҳазор сомонӣ барои харидории мизу курсӣ ва дигар лавозимот

Кумаки иттиҳодияҳои динии Ёвон: 72 ҳазор сомонӣ барои харидории мизу курсӣ ва дигар лавозимот
2018-05-16
3760

Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон, ятимону барҷомондагон ва бенавоён мавқеи хосс дорад. Ин аст, ки дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ходимони дин низ талош доранд, то ҳиссаи худро дар рушди минбаъдаи ҷомеа гузоранд.

Тибқи маълумот, дар баробари дигар корҳои хайр аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи умумии саводнокӣ ва сифати таълиму тарбияи хонандагон ба маблағи умумии 72 ҳазору 640 сомонӣ мизу курсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ тақдим карда шуд.

Ходимони дини ноҳия мегӯянд, онҳо дар оянда низ ҷаҳд хоҳанд кард, то дар самти рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, махсусан бахши маориф мусодат намоянд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар