Articles
Воқеан оятҳои Қуръони карим бисёр таъсирбахшанд. Ин оят агар хонда шавад, вуҷуди инсон ба ларза медарояд. Ин оят маънои онро дорад, ки агар шахсе зоти поки Худоро инкор кунад, аз пайи ҳавою ҳавас рафта, зикри ўро фаромўш созад, ба ў дар дори охират азоби алим, яъне дарднок омода карда мешавад.
Мазҳаби Имоми Аъзам давоми асрҳои зиёд дар байни мардуми мусулмони кишварҳо аз ҳудуди шарқии Урдун, Осиёи Миёна, Русия, Туркия, Ҳиндустону Покистон то давлаги Африқои Ҷанубӣ густариш ёфта барои ваҳдату ягонагии халқу миллатҳои гуногун хизмати арзанда мекунад.
Имрӯз мо низ бояд камари ҳиммат баста дар ободонии ватани худ ҳарис бошем, кӯчаву маҳаллаи худро обод намуда, онро ба гулгашту мусалло табдил диҳем. Вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ ва сарсабзу хуррам муаррифӣ намоем.
Қуръони карим молро василаи пешбурди зиндагӣ ва ноил шудан ба савоб (закот, қурбонӣ, садақаи фитр, ҳаҷ, садақаи ҷория...) мешуморад. Чунончи дар сураи " «Ваз-зуҳо» таъкид шудааст: " Эй Паёмбар, Оё Худованд туро бечора наёфт, баьд туро ғанӣ сохт".
Ва Худо аз ҷинси худатон барои шумо ҷуфт офарид ва аз он ҷуфтҳо писарон ва духтарон ва наберагон бар шумо халқ фармуд ва аз неъматҳои покизаву лазиз рўзӣ дод. Оё мардум (бо вуҷуди ин ҳама неъматҳои Худо) боз ба ботил мераванд ва ба неъмати Худо кофир мешаванд». (Сураи «Наҳл», ояти 72
Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣ ҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрўзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More