Истиқболи мавлуди Паёмбари акрам (с) дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб
Имрӯз масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе пас аз таъмиру тармими чандмоҳа, ки ба кӯмаку дастгирии соҳибкорони хайрандешу саховатпешаи ватанӣ сурат гирифта буд, дари худро ба рӯи намозгузорон боз намуд. Ин рӯйдоди фараҳбахш ба моҳи мубораки мавлуди Паёмбари гиромии Ислом (с) мувофиқ омад.
Тӯли ин чанд моҳ як гурӯҳи устоҳои моҳиру гулдасти диёрамон софдилона саъйу заҳмат кашиданд ва тамоми ҳунари худро дар азнавсозӣ ва ороиши хонаи Худо сарф намуданд. Сақфҳои наққошишуда ва сутунҳою деворҳои мармарини масҷид нигоҳи ҳар бинандаеро ба худ ҷазб мекунад. Давродаври меҳроб ва гунбази масҷид бо оятҳои каломи раббонӣ кандакорӣ шуда, бо оби зарҳал ороиш ёфтааст. Ба таври умум, дохили масҷид бо ҳунари гачкорию наққошӣ зебу оро ёфта, симои меъмории миллӣ дар он мунъакис гардидааст.
Пеш аз баргузории намози ҷумъа Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абудқодирзода дар фазилати мавлуди набавӣ барои намозгузорон мавъиза ва суханронӣ намуд. Сипас қориёни хушовоз дар васфи Паёмбари гиромии Ислом (с) порчаҳои шеърӣ қироат карданд ва бо тиловати оёте чанд аз Каломуллоҳ савоби мавлуди шарифро ба рӯҳи поку мутаҳҳари Расули акрам (с) бахшида, дар ҳаққи ҳама мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва устоҳое, ки дар таҷдиду азнавсозии хонаи Худо саҳм гузоштанд, дуои хайру баракат намуданд.
Намози ҷумъа бо дуои дастаҷамъонаи намозгузорон дар ҳаққи Пешвои миллат, Сарвари Давлат ва тамоми мардуми кишвари азизамон ҳусни ихтитом пазируфт.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


