Home News ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол додани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол додани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол додани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?
2020-04-16
5703

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо сабаби зуҳури бемории сироятии Covid-19 (коронавирус)  марзҳои байни кишварҳо баста шуда, иртиботи заминиву ҳавоӣ то муддате қатъ ва маҳдуд карда шудааст. Бинобар ин, интиқоли ҷасадҳои ҳамватанони бо марги табиӣ фавтидаи мо аз хориҷи мамлакат ба Ватан ғайриимкон гардидааст.

Бо дарназардошти ҳолати ногувори пешомада чанде аз хонандагони АМИТ «Ховар» вобаста ба ҷанбаҳои динии ин масъала бо суолҳо ба агентӣ муроҷиат намуданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АДБУҚОДИРЗОДА  ба ин саволҳо чунин посух дод:

 

Интиқоли ҷасади фавтида аз як кишвар ба зодгоҳаш аз нигоҳи динию эътиқодӣ ҳатмӣ нест. Хосатан, дар ин рӯзҳо, ки чунин ҳолат берун аз ирода ва тавони ҷомеа мебошад. Бинобар ин,  метавонанд намози ҷанозаи майитро дар макони фавтидааш баргузор карда, дар қабристони мусалмонони ҳамон ҷо дафн кунанд.

Мутобиқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дафн кардани майит дар макони фавтидааш афзалтар аст. Чунонки дар китоби «Фатҳу-л-Қадир» роҷеъ ба ин масъала омадааст: «…Мустаҳаб ин аст, ки ҳар майите дар қабристони ҳамон шаҳре дафн шавад, ки дар он ҷо фавтидааст. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки ӯ ҳангоми зиёрати қабри бародараш Абдурраҳмон, ки дар Шом фавтида ва аз он ҷо (ба Мадина) интиқол дода шуда буд, чунин гуфт: «Агар кори дафни ту ба ман вогузор мебуд, ҷасади туро интиқол намедодам ва дар он ҷое, ки фавтида будӣ, дафнат мекардам».

Дар сурати заруру ҳатмӣ набудан, интиқоли майит кори пурмашаққат буда, сабаби таъхири дафни майит мегардад. Дар асоси суннати набавӣ ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ таъҷил намудан дар дафни майит афзалу беҳтар буда, савоб ин аст, ки майит зудтар дафн карда шавад.

Қобили зикр аст, ки хешовандону наздикони майит метавонанд аз ватани худ бо дуо ва тиловати Қуръон рӯҳи ӯро шод гардонанд. Зеро дуои хайр дар ҳаққи майит дар ҳар мавзеъ ва дар ҳар замоне пазируфта мешавад.

 Маъхазҳо: «Фатҳу-л-Қадир», ҷ. 2, с. 141; «Радду-л-муҳтор», ҷ. 3, с. 103; «Бадоеъу-с-саноеъ», ҷ. 2, с. 51.

Бознашр аз сомонаи “Ховар”

More news

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More