Home News МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

МАТНИ  ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН
2021-05-12
4503

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду саломи бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ, бародарони аҳли ислом! Аввалан ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасиии иди саиди Рамазон табрику таҳният намуда бароятон аз даргоҳи Худованд хушбахтию саодатмандиро таманно менамоем.

Моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст.

Иди саиди Рамазон низ мисли моҳи шарифи Рамазон саршор аз раҳмату мағфират ва навозишу меҳрубонии Парвардигори олам аст. Дар ин рўзи саиду фархунда дасти кумак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд ва бепарастор аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Инсони мусалмон саъй мекунад, то дар ин рўзҳо бештар ба фақирон ва ниёзмандон дасти кумак дароз намуда, садақоти бештаре анҷом диҳад ва ашки ятимонро пок карда, ба онон некӣ намояд. Пайғамбар (с) ба додани садақаи Фитр амр намуда мефармоянд:

«Онҳоро дар имрўз (бо додани садақа) бениёз гардонед». (Ривояти Байҳақӣ ва Дорақутнӣ).

Анҷом додани чунин аъмоли нек дар байни мардум меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагиро боз ҳам қувват мебахшад. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ў шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ўро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон ва беморону дармондагон дар рўзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ўст. 

Мо ҳамеша дуо мекунем, ки кишвари азизамон тинҷу ором ва пурфайзу баракат бошад. Аз Худованд талаб дорем, ки мардуми кишварамонро аз ҳамаи офатҳову мусибатҳо ҳифз намуда, барои ҳама тавфиқи амалҳои нек ва имону ҳидояти комил насибу арзонӣ фармояд.

Дар охир бори дигар ҳар як сокини диёри азизамонро ба муносибати иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфта, барояшон файзу баракати рўзгор, сарҷамъию муттаҳидӣ, сиҳатмандиву  сарбаландӣ, хушиҳои зиндагӣ ва офияту тандурустиро таманно мекунем. Иди саиди Рамазон барои ҳамагон муборак бошад!

 

Шўрои Шўрои уламои

     Ҷумҳурии Тоҷикистон

More news

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More