Home News Эмгузаронӣ василаи солимии миллат аст

Эмгузаронӣ василаи солимии миллат аст

Эмгузаронӣ василаи солимии миллат аст
2021-06-28
3200

Мардуми шарифи кишвари азизамон огоҳанд, ки пандемияи Ковид-19 саросари ҷаҳонро фаро гирифта, садҳо ҳазор одамон қурбонии ин беморӣ шуданд. Дар қатори дигар давлатҳо ин беморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сироят намуда, иддае аз мардум мубталои беморӣ гардиданд. Тибқи тавсияи мутахассисони тиб василаи асоситарини пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории Ковид-19 ин эмгузаронӣ (ваксинатсия) мебошад. Шариати ислом низ инсонро ба дастболо шудан бар беморӣ водор мекунад. Дар робита ба ҳифзи ҳаёти инсон, мо дармеёбем, ки шариат моро ба суроѓи дармон барои беморӣ ва ҷустани ҳар як роҳи имконпазир барои даст ёфтан ба ин ҳадаф водор мекунад.

Бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷи нави шиддатноки ин беморӣ бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксина дарёфт шуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил гардидааст. Бо ин мақсад имрўз низ дар масҷиди марказии ба номи ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе нуқтаи махсуси тиббӣ ташкил гардида, мардуми намозгузор пас аз хондани намози пешин бо ваксина фаро гирифта шуданд. Ёдовар мешавем, ки аҳли масҷид ҳангоми баргузории намоз аз даргоҳи Худованди меҳрубон дар ҳаққи тамоми мардуми кишвар дуои саломатию офият намуданд.

Pray time in Dushanbe

15.03.2025

More
Fajr05:03
Zuhr12:40
Asr16:42
Maghrib18:41
Isha20:11
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More