ТАБРИКНОМА
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Устоди гиромиро ба муносибати сарфароз гардиданашон ба ин мукофоти давлатӣ табрик намуда, аз даргоҳи Худованди бузург ба эшон сарбаландӣ, муваффақият ва фатҳи қуллаҳои баландро дар роҳи хидмат ба илму дин ва миллату кишвари азизамон таманно дорем.
Бо эҳтиром,
Раёсати Шўрои уламои ҶТ
More news
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРМОНҲО ВА АРЗИШҲО ДАР ИСЛОМ»
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


