Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конфронси миллӣ доир ба ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила
Рўзи 1-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Рўмӣ”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи миллӣ доир ба ҳаллӣ масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила баргузор гардид, ки ҳадафи он табодули таҷриба дар самти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии хушунати хонаводагӣ буд.
Дар кори он Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ низ иштирок ва дар мавзўи “Ҳифзи арзишҳои оилавӣ аз нигоҳи динӣ” маърўзаи пурмуҳтаво намуданд.
Мавсуф қайд намуданд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.
Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.
.png)
More news
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


