Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди Қурбон
Имрӯз соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Шӯрои уламо дар бораи рўзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард. Муовини Раиси Шӯрои уламо Ҳусейнҷон Мўсозода аъзои Шўроро ба муносибати ду ид – ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи 28-уми июн рост меояд.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи чоршанбе 28-уми июни соли 2023 таҷлил карда шавад.
- Вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа муовини Раиси Шўрои уламо Ҳусейнҷон Мўсозода аз аъзои Шўро ва имомхатибон даъват карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.
Маҷлиси Шўрои уламо бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.