Home News ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
2024-10-31
114

Рўзи 29-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ» (ба муносибати 30-солагии қабули Қонститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ», баргузор гардид.

       Дар кори конфронси мазкур Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи “Конститутсия ва озодии эътиқод» суханронии пурмўҳтаво намуданд.

       Зимни баромади худ қайд намуданд, ки “Шукри Худои таоло ва шукронаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки сокинони диёри мо дар фазои озодӣ ва тинҷию оромӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Гузашти айём ва раванди рӯзгор бо инояти Парвардигор ва шарофатии Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконияту шароити васеи кафолат ва ҳимоятро дар ба ҷо овардани ақидаи динӣ, таълими улуми динӣ, дунявӣ ва адои тоату ибодат муҳайё сохтааст.

        Дар охири суханрониашон ёдовар шуданд, ки дар Тоҷикистон фазои озоди андешаи динӣ тибқи талаботи Конститутсия ташаккул ёфта, ҳамчун як рукни асосии зиндагӣ амалӣ мегардад. Қабл аз истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 масҷиди ҷомеъ амал мекард. Аз ибтидои истиқлолият то имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ  дар мақомоти ваколатдори давлати оид ба дин як Маркази исломӣ, Маркази Исломилия, Донишкадаи исломӣ, масҷидҳои ҷомеи марказӣ, масҷидҳои  ҷомеъ, масҷидҳои панҷвақта, иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ва дар маҷмӯъ зиёда аз чор ҳазор иттиҳодияи динӣ сабт шудааст.  Дар ин иттиҳодияҳо арзишҳои динӣ озодона ба ҷо оварда мешавад, ки ин неъматҳои бузургест, ки шукронаи он мувофиқи ояти 7-и сураи «Иброҳим»: «Агар шукр кунед, неъматамро зиёда мекунам» воҷиб мебошад.

More news

Pray time in Dushanbe

06.11.2024

More
Fajr05:21
Zuhr12:40
Asr15:31
Maghrib17:26
Isha18:56
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More