ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ.
Рўзи 24 апрели соли 2025 Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар кори конфронсӣ ҷумҳуриявӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи Қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид” баргузор гардида буд, иштирок ва дар мавзўи «Маърифати динӣ ва нақши ходимони дин дар пешгирии экстремизми динӣ» суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани огоҳмандӣ дар бораи хатару таҳдидҳои навин вобаста ба экстремизму терроризм баргузор гардид.
Раиси Маркази исломӣ зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки мусулмонон бояд аз роҳи рост пайравӣ кунанд, на аз роҳи он гумроҳоне, ки бо андешаҳои заифи ифротии худ мардумро ба сўи ҷаҳолату гумроҳӣ мекашонанд.
Имрӯз роҳи ягонаи пешгирӣ ва коҳиш додани падидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост.
Бояд таъкид намоям, ки дини мубини Ислом, дини илму дониш, созандагиву бунёдкорӣ буда, фаҳму дарки дурусти ҳаёт, ободкорӣ ва тавассути аъмоли шоистаи инсонӣ номи нек аз худ боқӣ гузоштанро тақозо мекунад. Шоир ин андешаро хеле бамаврид ба назм даровардааст:
Ислом на фақат савму салот аст,
Илм асту низом асту ҳаёт аст...
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


