ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Рӯзи 25-уми апрел Раиси Маркази исломӣ ба Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо наваскарон ва таълимгирандагон мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот, Саидмукаррам Абдуқодирзода бо суханронии пурмазмун баромад карда, аз аҳамияти ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтироми Ватан, ва масъулияти бузурги хизмат ба халқу давлат ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки амният ва оромии ҷомеа аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ буда, ҳифзи он қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат мебошад. Ҳамчунин, ба наваскарон ва марзбонон тавсия дода шуд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ахлоқи ҳамида, ростқавлӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Дар анҷом, барои ҳамаи ҳомиёни Ватан саломатӣ, иродаи қавӣ ва муваффақият дар адои хизмати пуршараф таманно карда шуд. Худованд Ватани моро ҳамеша ободу осуда нигоҳ дорад!
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


