Home News Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори «Соли ҷавонон» дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»

Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори «Соли ҷавонон» дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»

Конфронси ҷумҳуриявӣ ба ифтихори «Соли ҷавонон» дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»
2017-04-18
4960

Рӯзи 17.04.2017 соати 09.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс Раёсат ва аъзои Шӯрои уламо, сархатибон ва имомхатибони масоҷиди кишвар, инчунин намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронии ифтитоҳӣ баргузории чунин конфронсҳоро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «Оромӣ ва ободии ҳар миллату давлат аз заҳмату талошҳо ва хидматҳои халқ, махсусан ҷавонони он вобаста аст. Ҳар миллате, ки ҷавонони худро тарбияи хуб кунад, онҳо соҳиби илму маърифат гардида, хайрхоҳ бошанд ва шуури милливу мазҳабияшон бедор шавад, болои он миллат ҳеҷ хатаре вуҷуд дошта наметавонад».

Дар қисмати дуюми кори конфронс Саидмукаррам Абдуқодирзода - Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои ахлоқу маънавият дар рушди ҷавонон», Мусозода Ҳоҷӣ Ҳусайн, ҷонишини Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон нерӯи ҳалкунанда», Сатторов Беҳрӯз - имоми масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе дар мавзӯи «Нақш ва мақоми масҷид дар таҳкими сулҳу субот дар  ҷомеа ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ» - Азалшоҳи Баҳром, сархатиби шаҳри Ҳисор, аъзои Шӯрои уламо дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва пешгирии дигар падидаҳои номатлуб дар шароити Тоҷикистон», Муродов Саймумин -  аъзои Шӯрои уламо дар мавзӯи «Фитна ва пешгирии он тибқи дастуроти Ислом» - Сангалиев Маҳмуд, мутахассиси  Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мақом ва ҷойгоҳи мактаби фиқҳии имом Абӯҳанифа (р) ва мазҳаби ҳанафӣ», Насруллоев  Зокирхон - сархатиби шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «Терроризм вабои аср», Карим Раҳим - узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», Ҳомидов Абдулвоҳид - мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ошноӣ бо мазҳаб омили сулҳу субот дар ҷомеа», Исоев  Давлат - узви Шӯрои уламо, имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи Борбади  шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир»  маърӯза намуданд. Дар анҷоми ҷамъомад аз тарафи иштирокчиёни конфронс баёния қабул гардид.Матни пурраи мавзуъҳои иштирокчиёни конфронс дар рӯзҳои наздик дар сомона нашр хоҳад гардид.  Конфронс бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More