Home News Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!

Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!

Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!
2015-01-21
5106

Солҳои ахир вазъи сиёсии ҷаҳон чандон мураккаб ва печида гардидааст, ки андаке иштибоҳ метавонад ба фоҷиаи бузурге мубаддал гардад ва аз оқибатҳои фоҷиабори он солҳои зиёд миллат ранҷ барад. Барои тақвияти фикр метавонем як зумра кишварҳои арабиро мисол орем, ки чанд солест, дар он ҷо нооромӣ ҳукмфармосту халқ аз ҳаёти осоишта дур мондааст. Рӯзе нест, ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ таркиш ё қатли мардуми зиёдеро дар давлатҳои номбурда пайдо накунем. Ҷои таассуф аст, ки ин ҳама қатлу ғорат аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешавад. Дине, ки ҳаргиз ба қатлу ғорат, куштору тавовузро иҷоза намедиҳад. Дине, ки раҳмат асту муҳаббат.

Имрӯзҳо раванду ҳаракатҳои зиёди ифротие арзи ҳастӣ кардаанд, ки дини Исломро барои анҷоми ғаразҳо ва манфиатҳои худ ҳамчун восита қарор додаву дар татбиқи ҳадафҳояшон аз қишри ҷавони аҳолии мамолики исломӣ истифода мебаранд.

Боиси нигаронист, ки аз кишвари мо низ кам нестанд ашхосе, ки фирефтаи доми ин ҳалқаҳо шудаву дар кишварҳои Ироқу Сурия ва амсоли он ҳамчун “муҷоҳид” вориди сангарҳо гаштаанд.

Аз ҷумла, тавре ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабар дорем, ҳаракати худхондаи “Давлати исломӣ” ҷавонони зиёдеро аз кишварҳои мусулмоннишин ҷалб намуда, ба харобкориҳо ва куштори ҳазорон нафар одамон даст мезанад.

Чанде пеш аз тариқи сомонаҳои хабарӣ масъалаи “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” интишор шуд, ки он мавриди вокуниши доираи васеи аҳолии мамлакат қарор гирифт. Ҷои таассуф ин аст, ки ин “дархост” аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро Абӯ Умариён хондааст, пешниҳод мегардад.

Ба нақли Радиои “Озодӣ” ҷавони тоҷик, ки ба иқрори худ аз Ироқ сӯҳбат мекунад, мегӯяд, аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари давлати худхондаи “Давлати исломӣ” иҷоза пурсидаанд, то барои ҷиҳод дар Тоҷикистон розӣ шавад.

Дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е  (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд?. Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!. Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд! Зеро Худои бузург дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”.

Ин террористон муъминро аз ғайри муъмин фарқ намекунанд. Зеро мутобиқи таълимоти дини мубини ислом ва аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ нишонаи муъмин он аст, ки бо забон калимаи шаҳодат ронад ва бо қалб онро тасдиқ намояд.  Яъне, “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд!.

Дар ҳоле, ки ин гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?

Онҳо аз ухуввату бародарӣ ва раҳму шафқат фарсахҳо дуранд. Худои таоло дар ояти 10-уми Сураи Ҳуҷурот мефармояд:

(Ҷуз ин нест, ки мӯъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад!).

Аз ин лиҳоз, пайвастани ҷавонони мо ба ин равияҳои тундгаро ва эҷоди адоват худкуширо мемонад. Худкушие, ки назди Парвардигор наҳй шудаааст ва Худованд шахси худкушро ҳаргиз дӯст надорад.

“Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад”( Сураи Бақара, ояти 195).

Масъалаи дигаре, ки ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар суннати набавӣ борҳо таъкид мешавад, муҳаббат ва Ватан аст.

Муттаассифона, дар ҳоле, ки расули Худо (с) дӯст доштани Ватанро аз нишонаҳои имондорӣ (حب الوطن من الإيمان) медонад,  бархе аз ҷавонони мо ба қадри тинҷиву осудагии кишвар нарасида, худро ба ҳалқаи гурӯҳҳои ифротӣ меандозанд, ба даст силоҳ гирифта, хуни мусулмононро мерезанд.

Ҳазрати расули Худо (с) мефармоянд: “Қотил ва мақтул ҳарду дар ҷаҳаннаманд”. Асҳоб суол карданд: “Эй расули Худо, маълум аст, ки қотил дар дӯзах аст, аммо мақтул чаро?”

Паёмбари акрам (с) фармуданд: “Мақтул талоши куштани қотилро дорад”.

Бо дарназардошти ҳамаи ин хатарҳо ва падидаҳои номатлуб, падару модарон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро мебояд, дар ин самт бетараф набошанд ва ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон иқдом кунанд. Зеро ба қавли Сарвари давлат ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонони мост. Пас, ҷавонон ҷавобан ба эътимоди Сарвари давлат бояд нагузоранд, ки ҳар ифротие, ҳар кӯрнамаке, ҳар тангназаре ва ниҳоятан ҳар хоине аз номи давлат ва миллати тоҷик садо баланд кунад, ҳадафи ноором сохтани вазъи амниятӣ ва сиёсии кишварро дошта бошад. Зеро ин рисолати ҷавонони ояндасози Ватан аст!

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More