Home News Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро муайян кард.

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро муайян кард.

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон   рӯзи Иди Қурбонро муайян кард.
2026-05-20
152

Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, аҳли нишастро ба муносибати даромадани моҳи Зулҳиҷҷа ва фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт.

Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ Иди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 27-уми май рост меояд.

Баъдан мавсуф аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир ёдовар шуда, иброз дошт, ки сулҳу оромӣ бузургтарин неъмат аст ва рӯйдодҳое, ки дар олами Ислом шуда истодааст, моро водор месозад, ки ба қадри ин неъмати бузург бирасем. 

Сипас аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

Иди Қурбон рӯзи 27-уми май соли 2026 таҷлил карда шавад.

Вақти баргузоршавии намози иди Қурбон дар қаламрави кишвар соати 6.00 муайян карда шавад.

Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи илмомӯзии наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни хотима ёфт.

Pray time in Dushanbe

20.05.2026

More
Fajr03:34
Zuhr12:40
Asr17:38
Maghrib19:44
Isha21:14
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More