Home News Вокуниши Сархатиби ш.Хисор

Вокуниши Сархатиби ш.Хисор

Вокуниши Сархатиби ш.Хисор
2017-11-01
4087

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш бод.

Ихтилофоти мазҳабӣ яке аз омилҳои асосии аз байн рафтан ва заифу нотавон шудани давлатҳо гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки чи қадар мардуми мусулмон аз рўи ин ихтилофот куштаву бехонумон гашта, то имрўз мо низ самараи талхи онро дар сарзамиҳои  мусулмоншин мушоҳида мекунем.

Чанде пеш дар матбуоти даврӣ мақолаи Қамар Нурулҳақов, номзади илмҳои фалсафа зери унвони “Шиагароӣ: идеология ва амалияи он” ба табъ расид, ки муаллиф дар ин навишта таърихи пайдоиш, ҳадаф ва барномаҳои хосси мазҳаби шиаи имомиро ба таври илмӣ бозгӯй ва шарҳу тафсир кардааст.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки муаллиф таъкид менамояд, ин маҷуд набудани ихтилофоти зиёди шаръӣ миёни сунниён ва аҳли шиа мебошад ва ишора менамояд, ки “...дар байни аҳли суннат ва аҳли шиа фарқияту тазодҳои эътиқодию шаръӣ он қадар калон нест. Ҳарду ҷониб ба Худои ягона Аллоҳ, расули ӯ Муҳаммад (с) ва Қуръону Суннати пайғамбар эътиқоди комил доранд”. Аммо дар ин самт фарқияти асосие, ки муаллиф ба он таъкид менамояд, масъалаи имомат ва хилофат аст. “Фарқи асосӣ миёни ин ду равияи маъмули исломӣ дар масъалаи имомат ва хилофат ҷой дорад, ки дар шиаи муосир он бештар дар матни «имомат ва вилояти фақеҳ» баён мегардад”.

  Дар идома муаллиф дар шарҳи “имомат ва вилояти фақеҳ” баён менамояд, ки “мувофиқи ин назария ҳокимият дар ҷомеаи мусулмонӣ хусусияти меросӣ дошта, он ҳамеша аз имом ба имоми дигар интиқол меёбад. Имомро гӯё Худованд барои ҳокимият (вилоят) кардан таъйин намудааст ва ӯ дорои қобилияту сифатҳои хос, аз ҷумла маъсум (пок, бегуноҳ) мебошад, ки хоси диндорони дигар нест”.

Табиист, ки чунин андешаву ақида бар хилофи муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ буда, онро сокинони Тоҷикистон, ки аксари муталақашонро пайравони ин мазҳаб ташкил медиҳанд, аслан қабул надоранд. Зеро ин миллат дар тӯли таърих ҳамеша бо дарки хатари муноқишаҳои мазҳабӣ ба ҳодисаҳои мазкур баҳои таърихӣ додааст.

Аз ҷумла, маорифпарвари бузурги миллати тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897) яке аз сабабҳои асосии пусидану нест шудани аморати Бухороро дар нуфуз пайдо кардани пайравони мутаассиби шиаи имомия дар дастгоҳи онвақтаи ҳукумати Бухоро медонист ва аз оқибатҳои нохуши ин падида низ пешгўӣ карда буд. Баъди як даҳсолаи вафоти ӯ мардуми Бухоро дар моҳи январи соли 1910 ин сарнавишти талхро пушти сар карданд, ки дар натиҷаи ҷанги шиаву суннӣ дар рўзи “Ошуро”, чи қадар мардумони зиёд куштаву бехонумон гаштанд.

Падидаи тафриқасозии миллати тоҷик ба фирқаҳои гуногун дар Тоҷикистони навин тавассути пайравони Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон оғоз гашт. Пайравони ин ташкилот мунофиқона дар зоҳир худро ҳанафӣ нисбат дода, вале дар асл бо шиори дуруғини “дӯстдории аҳли байт” дар тарғиби мазҳаби шиаи имомия пардохтанд. Албатта ин амал аз хориҷи кишвар таҳрезӣ шуда, ТЭТ ҲҲНИТ аз ибтидо ғуломи хоҷагони хориҷӣ буд, ки ин хоҷагон ҳизби ба ном исломиро барои «рўзи мабодо» омода мекарданд, мепарвариданд, маблағгузорӣ мекарданд, ба аъзоёни гумроҳи он маош медоданд, барои хариди амвол беҳисоб пул ҷудо мекарданд, то ғаразҳои сиёсии худро дар ин сарзамини биҳиштосо пиёда намоянд.

Баъди шикасти пайдарпай дар интихобот ва табадулоти нокоми давлатӣ дар соли 2015 симои воқеии ТЭТ ҲНИТ ва хоҷаи хориҷиаш ошкор гардид. Муҳиддин Кабириро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи баланди расмӣ қабул ва пазироӣ намуда, бо ин амал мавқеъ ва чеҳраи аслияшонро барои мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳанги тоҷик муаррифӣ сохтанд. Тоҷикистон вориси аслии мазҳаби ҳанафӣ дар қораи Мовароуннаҳру Хуросон буда, ҷашни бузургдошти 1310 - солагии Имоми Аъзам ба он далолат мекунад ва мардуми мусулмони Тоҷикистон, ки аксаран зиёда аз 1200 сол инҷониб пайравӣ аз ин мазҳаб мекунанд, бояд ба ҳеҷ гуна тавтиаи фарзандони нохалафи мазҳабфурӯш ва хоҷагони хориҷияшон дода нашаванд. Зеро ваҳдати яккамазҳабӣ омили сулҳу субот ва якпорчагии давлат аст.

Дар ниҳоят, ҳамовозии комили худро бо муаллифи мақолаи “Шиагароӣ: идеология ва амалияи он” метавон баён дошт, чунончи ӯ таъкид мекунад: “Умед дорем, ки минбаъд муносибати ин ду кишвару халқи дӯсту бародар  ва ҳамфарҳангу ҳамзабон бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ сурат гирифта, дар асоси ҳамдигарфаҳмии бародарона ва беғаразона бо роҳи табиӣ инкишоф меёбад”

Сархатиби  шаҳри   Ҳисор

Шарифзода Азалшоҳ

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More