Home News ДУРӮҒ БАРОИ МАНФИАТ – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲНИТ

ДУРӮҒ БАРОИ МАНФИАТ – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲНИТ

ДУРӮҒ БАРОИ МАНФИАТ – АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲНИТ
2017-11-11
3580

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ, ки бо харобкориҳову амалкардҳои нангини худ ба номи ислому мусулмонӣ иснод меорад, ҳамеша дини мубини исломро барои худ ҳамчун воситаи роҳ ёфтан ба дили халқи авом ва расидан ба манфиатҳои худу хоҷагонаш истифода кардааст. Ин андеша бори дигар дар зешни кас пас аз хондани мақолаи рӯзноманигор Сорбон Саидаҳмад, ки дар рӯзномаи Имрӯз-нюз чоп шуд, ба таври қотеъ устувор мегардад.

Зеро муаллиф вобаста ба шинохти воқеии ТЭТ ҲНИТ хеле маълумоти ҷолиби диққат ва раднопазир меорад ва таъкид менамояд, ки нигаронии Ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолияти машкук ва хатарбори ТЭТ ҲНИТ ҷойи махсус дорад.

Муаллиф воқеан дуруст қайд мекунад, ки ҲНИТ-и як замон ҳизби мухолиф аслан қудрате надошт ва зиёданависиҳову зиёд нишон доданҳояш танҳо ҳадафҳои мушаххас дошт.

Агар ТЭТ ҲНИТ аз як ҷониб бо ҷой додани номи ислом дар унвони расмии ҳизби худ сарпарастону хоҷагонашро ба он бовар мекунонд, ки фаъолиятҳои ин ҳизб “исломӣ” буда, сокинони мусулмони Тоҷикистон аз он пуштибонӣ мекунанд, аз ҷониби дигар бо барзиёд нишон додани шумораи аъзои ҳизб талош мекард, ки аз кишварҳои алоҳида грантҳои бештар ба даст орад. Роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИТ гумон доштанд, ки ҳар фарди мусулмони кишвар аз ҳадафу барномаҳои онҳо пуштибонӣ мекунад. Аммо хушбахтона халқи тоҷик ҳадафҳои муғризона ва пасипардагии ТЭТ ҲНИТ-ро зуд шинохт ва ба ҳар васила нишон дод, ки ИСЛОМИ МО аз исломе, ки ТЭТ ҲНИТ мегӯяд, фарқ дорад. Мо, мусулмонони пайрави мазҳаби таҳаммулгарои Имоми Аъзам ҳастем ва ҳадафи ҳамешагии мо иттиҳоду ҳамраъйӣ атрофӣ шахсест, ки ҳамаи иқдомҳояш барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд. Мо аз гурӯҳу шахсиятҳое, ки барои манфиатҳои алоҳидаи худ агар лозим шавад, даст ба қатлу куштор ҳам мезнанд, ҳаргиз дифоъ намекунем ва барои ҳамеша муқобили онҳо ҳастем...

Аммо баръакси талаботи дину мазҳаб роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ҳамеша мардуми мусулмони кишварро ба василаи “бозичаи сиёсӣ” истифода мекарданд.  

Сорбон Саидаҳмад дар мақолаи худ мегӯяд, “инро бояд роҳбарони ТЭТ ҲНИТ эътироф кунанд, ки ҳар сол чанд маротиба наворҳои намози ҷумъаро ба ташкилоту кишварҳои сарпарасташон мефиристонданд. Дар ҳамин гуна як навор, ки бо забони арабӣ омода шуда буд, гуфта мешуд, ки “ТЭТ ҲНИТ сарпарастии ҳамин қадар мардуми камбизоату мазлумро ба уҳда дорад”. Дуруст аст, ки бо сӯистифода аз намозгузории мардум дар масҷидҳояшон аз сарпарастонашон пул мепусиданд.

Аз ин ҳама ба хулосае расидан мумкин аст, ки ТЭТ ҲНИТ ҳамеша талош кардааст, ки халқро чун бозича нишон дода, ҳамёни худро пур кунад. Яъне агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, самти асосии фаъолияти ТЭТ ҲНИТ-ро ДУРӮҒ ташкил медиҳад. ДУРӮҒ БАРОИ МАНФИАТ!

Сабуров Қандил,

имоми масҷиди панҷвақтаи

деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More