Home News МАЗҲАБСИТЕЗИИ ТЕРРОРИСТОНИ ВАТАНӢ

МАЗҲАБСИТЕЗИИ ТЕРРОРИСТОНИ ВАТАНӢ

МАЗҲАБСИТЕЗИИ ТЕРРОРИСТОНИ ВАТАНӢ
2017-11-16
3432

Дар дини мубини Ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтари дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.

Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон хуруҷ карда, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шинохта шуд.

Ин ҳамон ҳизб аст, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлони маъсум, вайрону валаногор шудани шаҳру деҳоти обод мебошад. Ин ҳамон ҳизб аст, ки худро ҳомии дини ислом гӯён сар мебурид, Аллоҳу акбар гӯён тир мекушод.

ҳанӯз бист сол қабл маълум буд, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лӯхтаки дасти кадом қувваҳое мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти ТЭТ «ҲНИТ» бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ТЭТ «ҲНИТ»  бӯи хун меояд.

Он солҳо ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамояд. Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон худро бо ҳар баҳона сафед карданӣ шуда, аз номи дини поки ислом баромад мекард.

Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирории ташкилоти экстремистӣ - террористии «ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» қарор дорад.

Кабирӣ аз хориҷа истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баромадҳо дар ВАО ҳар қадаре метавонад, Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад. 

Имрӯз Кабирӣ мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Мегӯянд офтобро ба доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ бо роҳбарии Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доранд. ҳоло сир фош шуд ва ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хориҷа ақидаи шиаро тарғиб мекунад. Ин ҳамон ақидаест, ки аз ибтидо наҳзатиён ба он дил баста буданд ва мехостанд онро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.

Мусаллам аст, ки мардуми Тоҷикистон 1300 сол инҷониб пайрави аҳли суннат ва ҷамоат - мазҳаби ҳанафии дини Ислом мебошанд ва пешвои мо шахсияти беназир Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад.    

Агар дар бораи Имоми Аъзам соатҳо сухан кунем, кам аст. Аммо бо назардошти пайрави мазҳаби ҳанафӣ будани мардуми Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти экстримистӣ-террористии ҳНИТ тарғиб намудани ақидаи шиа чӣ маъно дорад?  Аз ин бармеояд, ки наҳзатиҳо мехостанд бар болои ҳама бадбахтиҳои овардаашон, мардуми моро ба доми ихтилофоти мазҳабӣ кашанд. Аммо ин фикри хом аст. Тоҷиконро наметавон шиа кард! Мо ҳамчун пайрави мазҳаби таҳаммулгаро бо ҳама мазҳабҳову адён ҳамзистӣ дорем, аммо вақте мебинем ҳамсояи ҳамдину ҳамфарҳанг бо душмани мо ҳамнишин аст ва ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳНИТ-ро худ созмон додаву зидди мардуми мо равона месозад, дар тааҷчуб мемонем.

Пас чаро мо рӯҳониёни тоҷик бояд хомӯш бошем? Имрӯз баъзе давлатҳо террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабириро дар оғӯш гирифта, парвариш менамоянд, пас мо бояд чӣ хулоса барорем? Чунин амалкарди давлатҳои ҳамсоя шоёни таҳсин нест!

Бовар дорам гуфтори парокандаи Кабирӣ дар бораи бегуноҳии худ ва бадном кардани давлати мо ҳеҷ натиҷае ба бор намеорад, зеро бузургон гуфтаанд «Дарё палид менашавад аз даҳони саг»!

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More