Home News ЧАНД АНДЕША АТРОФИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАСРИ АРБОБ

ЧАНД АНДЕША АТРОФИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАСРИ АРБОБ

ЧАНД АНДЕША АТРОФИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАСРИ АРБОБ
2017-11-21
4044

Ҳафтаи гузашта  барои сокинони вилояти Сущд  хотирмон ва басо бобаракот буд. Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  ба шаҳру ноҳияҳо мисли ҳарвақта бо кушода шудани  мактабу корхонаҳои нав таваъам буд. Бале, мардум ҳама вақт орзӯи дидоранд ва қадамҳои муборакашонро интизорӣ мекашанд, чунки Пешвои муаззами мо, тӯли солҳои соҳибистиқлолии  кишварамон  ҳар куҷое ки мераванд, гулу гулзор, боғу бустон ва ободӣ мегардад. Дар ҷамъбасти ин сафари муборак, ки дар арафаи ҷашни 25-умин  солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-ум ба вуқуъ пайваст, дар қасри Арбоб  Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон  суханрони намуданд. Дар ин баромади самимӣ ва пурмуҳтаво, моён баҳои одилонаи сарвари кишварамонро  оиди ин Иҷлосияи тақдирсоз  шунида, боз як бори дигар  мутмаин  гаштем, ки Худованд барои миллати тоҷик дар шахсияти ин  абармарди  одили замон неъмати ноёберо ато фармудааст. Дар замоне, ки Тоҷикистон давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоиро аз сар мегузаронд, ин фарзанди ҷоннисори  миллат аз ҷониби вакилони халқ интихоб гаштанд, ки бо нияти нек, иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонат дари сулҳу оромиро барои  Тоҷикистон  кушоданд. Чи хеле,   ки Пешвои миллат дар суханронии хеш иброз доштанд:  «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои  пешрафти Ватани азизам  садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…». Бале таърих ва мардум ҳама гувоҳанд, ки Худованд ин ниятҳои  покашонро  дар ҳаёт баровардаи хайр гардонд.

        Нуқтаи бисёр таъсирбахши суханронии Президенти кишвар он буд, ки боварӣ ва эътимоди худро ба иродаи қавӣ, неруи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик  боз як бори дигар таъкид намуда, ба кулли сокинони  шарафманди Тоҷикистон сари таъзим фуруд оварданд. Ин аст асилзодагӣ, мардонагӣ ва халқдусту халқпарварии Пешвои муаззами мо. Мо ҳама бо ин сарвари Худодод ифтихор менамоем ва мо низ сари таъзим ва эҳтироми бепоёни худро ба ин марди бузурги миллат фуруд меорем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Нури ислом»-и ш. Хуҷанд

САФАРИ БОСАОДАТ

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More