Home News АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ!

АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ!

АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ!
2017-12-02
3629

              Аз амали ваҳшиёнае, ки чанде пеш дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар масҷид рух доду дар пайи он садҳо кас қурбон ва чандин каси дигар захмӣ шуд, дар ин кишвар 3 рӯз мотам эълон шуд. Оё Шумо дарак ёфтед, ки инро ягон дастаи яҳудӣ ё насронӣ карда бошад? Албатта на! Онро аъзоёни гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» анҷом доданд. Мусалмон ба дасти мусалмон хонавайрон, сарсону саргардон ва ватангадо мешавад. Аз ин амали ваҳшиёна бармеояд, ки онҳо ҷуз аъзоёну пайравони худ дигар касро мусалмон намеҳисобанд. Барои ҳамин, онҳо то охирин дам ба ин ақидаи ифротии худ устувор монда, бо ҷалби ҷавонон ва ашхоси мухолифи ислому мусалмонон меҷанганд.

Аъмоли ин гурӯҳи террористон ва исломгароёни ифротӣ аз нигоҳи дини мубини ислом ва Қуръон

         Дар солҳои охир дар давлатҳои исломӣ воқеаҳое ба назар мерасанд, ки ҳам аз нигоҳии дину шариат ва ҳам аз нигоҳи ақли солим қобили қабул нест. Зеро Қуръону суннат ба куштору даҳшат ва ба вайрониву хонахаробӣ амр накардааст.

Худованд мефармояд:

“Ба сабаби ин ҳодиса бар бани Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад. Ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад” (сураи Моида, ояти 32).

Дар ҳадиси қудсӣ Худованд фармудааст: “Эй бандагонам, ҳамоно ман зулмро бар худ харом кардаам ва онро дар байни шумо харом гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед” (“Саҳеҳ”-и Муслим 8-16). Дар ҳадиси Пайғамбар (с) аз Абӯзар (р) ривоят карда шудааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: “Ҳар касе аз ҷамоат як ваҷаб ҷудо шавад, пас ба тахқиқ гарданбанди исломро аз гарданаш берун кашидааст” (ривояти Байхақӣ).  ҳамаи қонунҳои илоҳӣ ба хотири ҷалби манфиат ва дафъи вайронӣ омадааст.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид мекунанд:

“Расолати таърихии дин, ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусалмон. Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ ба ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию аҳлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавононамон нишон диҳем. Ва дар тарбияи аҳлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем”.

Мо ходимони дин дар ин амал бояд аз Пешвои муаззами миллати худ ибрат гирем. Ҳоло вақти он расидааст, ки парда аз рӯи ин гурӯҳҳо бардошта шавад, то симои аслии онҳо ба мардум ошкор гардад. Мо рӯҳониён ва ходимони дин бояд ба мардум фаҳмонида тавонем, ки ҳаракату амали чунин гурӯҳҳо ба дини поки Ислом ҳеҷ гуна рабитае надорад, мақсад ва ҳадафи онҳо фақат ва фақат ба даст овардани пулу моли дунё ва айшу ишрат асту бас. Яъне вақти он аст, ки фармудаи зерини Қуръонро шиори ҳаёти рӯзмарраи худ намоем:

“Ва дар накукориву тақво ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу таҷаввуз ҳамкорӣ накунед” (Сураи “Моида, ояти 2”).

Абду Ҳақназаров,

сархатиби шаҳри Турсунзода 

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More