МУЛОҚОТИ ПАНҶСОАТАИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА БО МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР САНКТ ПЕТЕРБУРГ
2017-12-20
5189
18-уми декабр дар маркази савдои «Садовый»-и шаҳри Санкт Петербург мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо беш аз 500 муҳоҷири тоҷик, ки дар ин шаҳр фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Дар ин мулоқот, ки ҳудуди 5 соат идома дошт, Саидмукаррам Абдуқодирзода доир ба муҳимтарин масоили муҳими ҷомеа суханронӣ намуд. Раиси Шӯрои уламо дар баробари ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар инчунин доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, аз қабили бархе аз зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои ба ном “исломӣ” ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуд.
Иттиҳоду иттифоқи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Санкт Петербург дар рафти ин мулоқот баръало эҳсос мегардид.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРМОНҲО ВА АРЗИШҲО ДАР ИСЛОМ»
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


