Home News Изҳороти сархатибони вилояти хатлон

Изҳороти сархатибони вилояти хатлон

Изҳороти сархатибони вилояти хатлон
2018-02-12
3486

Изҳороти сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нисбат ба амалҳои нанговару иғвоангези ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ

        Ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, тақсимоти нави сайёра аз ҷониби абарқудратҳо, ваҳшонияту таҷовуз, зиёд шудани амалҳои террористиву қатли мардуми бегуноҳ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Ҳукумати кишвари мо, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати «Дарҳои кушода»-ро пеш гирифта, ҳамеша ҷонибдори бунёди ҷомеаи демокративу сулҳҷӯёна аст. Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки имрӯзҳо дар 100 давлати ҷаҳон норомиҳо сар задаанд ва аз ин рӯ ҷомеаи башариро  лозим аст, ки ҳарчи зудтар сари ин масъала андеша намуда, атрофи ҳам муттаҳид гарданд.

         Мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ афроду гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки ба қадри бузургтарин неъмати Илоҳӣ–сулҳу оромӣ нарасида, мардумро зидди ҳам бармеангезанд. Ба ҳамагон ошкор шуд, ки аъзоёни Ҳизби мамнуъи Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо дасисаву иғво ва амалҳои ғайриинсонии худ ҳадаф доштанд, то ин ватанро дубора ноором созанд. Аҳли ҷомеа тамоми амалу рафтор ва барномарезиҳои ин ҳизбро, ки зидди Конститутсия ва давлати ҳуқуқбунёду демократии Тоҷикистон аст дарк карда, онҳоро маҳкум намуданд. Мардуми шарафманди тоҷик сидқан боварӣ ҳосил намуд, ки ин ҳама бозиҳои ҳизбӣ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб будааст. Ин гурӯҳ то ба имрӯз аз мақсаду нақшаҳои иғвогаронаи худ даст накашидаву таҳти роҳбарии саркардагонашон дар ба дари ташкилотҳои байналхалқӣ ҳукумату миллати тоҷикро санги туҳмату маломат мезананд. Замоне буд, ки ин тудаи одамон аз мамолики исломӣ ба хотири “ҷиҳод бар коммунистон” маблағҳои калон талбидаву ба ҷайби хеш мезаданд ва бо ҳамин роҳ соҳиби амволи зиёде дар дохилу хориҷи кишвар шуда буданд. Пурсиданӣ аст, ки имрӯз онҳо чӣ баҳонае пеш меоранду аз ташкилотҳои байналмилалӣ маблағ меситонанд?  

         Аксари сиёсатмадорон ва зиёини дохил ва хориҷи кишвар сабабгори ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар аз нақшаву барномаҳои ғаразноки ин ҳизб  медонанд. Сари ин мавзӯъ далелу исботҳои воқеӣ хеле зиёд аст. Яке аз муҳиммтарин масъала, ин эҳтиёҷ надоштани дини мубини Ислом ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо  мебошад. Новобаста аз ин, аъзоёни чунин гурӯҳҳои тундгаро ба эҳсосоти халқ таъсири манфӣ расонида, мехоҳанд вазъи кишвари осудаамонро боз ноором гардонанд.

Ходимони дини вилояти Хатлон низ изҳор медоранд, ки ҷомеаи мо дигар ба чунин ҳизб ниёз надорад. Ҳар масоиле, ки марбут ба дину мазҳаб ва  расму оини мост, дар партави қонунҳои дахлдор матраҳ гардида, сархатибони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз донишу таҷрибаи андӯхтаашон бо як самимият баҳри эҳтиром ва қадрдонии мазҳаби аҷдодии ҳанафӣ истифода мекунанд. Бо ин мақсад баҳри тарбияи   наврасону  ҷавонон  дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ мавъизаҳо намуда, ҳамеша баҳри ободии Ватан, тинҷиву осудагии кишварамон дасти дуо мебардоранд. Ҳамзамон дар ин айём аз ҳар фарди ҷомеа тақозо менамоем, ки чиҳати таҳкими истиқлолияту ваҳдати комил, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бо фикру андешаи солим ва амалу рафтори созанди худ ҷомеаро ободу зебо гардонанд, то ин ки Тоҷикистони  соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз ҳам хурраму шукуфонтар гардад.

Матни изҳорот дар маҷлиси васеъи ходимони дин ва сархатибони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қабул ва тасдиқшудааст.

Шаҳри Қурғонтеппа, 27. 01.2018 с.

More news

Pray time in Dushanbe

24.11.2024

More
Fajr05:39
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More