Home News Маҷлиси навбатии Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-05-01
5043

Рўзи 18-уми июни соли 2014 дар бинои Маҷлисгоҳи Маркази исломӣ маҷлиси якҷояи Шўрои уламо ва Раёсати Маркази исломӣ баргузор гардид. Дар маҷлис аъзоёни Шўрои уламо, сархатибони ноҳияҳои тобеъ, имомхатибони масҷидҳоиҷомеи шаҳри Душанбе, раёсати Маркази исломӣ, намояндагон аз Шўъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ваҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Масъалаи асосии рўзномаи маҷлис муайян намудани саршавии моҳи шарифи Рамазон ва муайян намудани нисоби закоту фитри рўза буд.

Ҳозирини маҷлис баъд аз шунидани хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи комиссияи коршиносони Маркази исломӣ, ки қабл аз се моҳ дар Маркази исломӣ таъсис дода шуда буд, ва баъди баҳсу хулосагириҳо доир ба масъалаҳои рўзномаи маҷлисқарорҳои дахлдор қабул намуданд:

1. Аввали моҳи шарифи Рамазон дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 28-уми июни соли 2014 муайян карда шавад. (дар сурати тағирот шудан, иловатан хабар карда мешавад)
2. Тибқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот барои соли 2014 -  10875 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 272 сомонӣ закот дода мешавад.
3. Садақаи Фитр барои ҳар як шахс 4 сомонӣ муайян карда шуд.
4. Хатми Қуръон дар масҷидҳои ҷумҳурӣ мувофиқи имконияти мавҷуда дар ҳудуди 1 пора дар намозҳои таровеҳгузаронида шавад.
5. Фидяи рўза дар моҳи Рамазони соли 2014 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шуд.

Аз ҷониби раёсати маҷлис ба ҳамагон супориш дода шуд, ки аз минбарҳои масҷид ва дар маъракаю маросимҳо доир ба фазилати моҳи шарифи Рамазон, дастгирии ятимону бепарасторон ва хусусан аз  тоҷирону соҳибкорон  бо қабули як муроҷиатнома даъват ба амал оварда шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон қимати маҳсулотҳои ғизоии ниёзи мардумро зиёд накунанд.

Маҷлиси навбатӣ бо дуои дастаҷамъӣ дар ҳаққи миллату мардуми кишвар хотима ёфт.

Котиботи Шўрои уламои ҶТ

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More