ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КӢ БУНЁДАШ БАД АСТ...
Бинобар хабарҳои расида дар ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш чанд нафарро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи "Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир кардаанд.
Аз чунин воқеот бармеояд, ки ҳоло ҳам шахсони бадхоҳи миллат ҳастанд, ки ба қадри тинҷию оромӣ нарасида, мехоҳанд, ки ниятҳои шуми худро дар кишвари орому осудаи Тоҷикистон пиёда созанд. Ҳол он ки онҳо ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дида буданд ва оё ёд надоранд, ки мардуми собиқ совхози Туркманистон дар он давраҳо аз шуми ҷанги шаҳрвандӣ пои пиёда ба давлати ҳамсояи Афғонистон раҳсипор гашта буданд ва дар он сӯи марз чи қадар азобу уқубат кашиданд. Ва оё фаромӯш карданд, ки Пешвои миллат бо талошҳои шабонарӯзӣ ва бо арзиши ҷони худ мардуми ин минтақаро аз ғарибӣ ба Ватан бозгардонд, бо саркардаҳои мухолифини аз ҳамин минтақа, ки мардуми осоиштаро ғарибу бехонаву ҷой карда буданд, сари мизи гуфтушунид нишаста, аз ҳамаи гуноҳҳои онҳо даргузашта, илова бар ин ба онҳо бовар карда, дар сатҳи Ҳукумат вазифаҳои пурмасъулро ба онҳо вогузор карда буд?! Лекин ба ҳама маълум аст, ки ин тоифа дар ивази некӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат чӣ хиёнате анҷом доданд. Мутаассифона носипосии ин тоифа ҳанӯз ба бархе ашхос дарси ибрат нашудааст ва боз мебинем, ки дар ҳамин минтақа аз таърихи 16 то 19 феврал байрақи Давлати золиму хунхори ДОИШ, ки он ҳам бо ранги сиёҳ, ки аз дилу нияти сиёҳу нопоки онҳо гувоҳӣ медиҳад, овезон карданд. Оё онҳо бо ин амалашон чӣ мехоҳанд, оё ин хиёнат ба Ҳукумату миллати тоҷик нест?
Ин амали анҷомшуда гувоҳи он аст, ки ин тоифа одамон дар ботин тухми киннаву адоват мепарваранд ва мавриди мувофиқ меҷӯянд, ки ба сулҳу суботи ҷомеа рахна ворид кунанд. Аммо дониста бошанд, ки ниҳодҳои қудратии мамлакат ва мардуми бонангу номуси кишвар имрӯз бо ҳидояти Парвардигор ва зери роҳбарии Пешвои миллат қудрати онро доранд, ки пеши роҳи чунин хоинони миллатро гиранд ва нагузоранд, ки амнияти кишвар халалдор гардад.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон