Home News Назари Раёсати фатвои Маркази исломӣ ба навиштаҷотҳои болои санг танаи ҳайвонҳо ва ғайра бо исми «Аллоҳ ва Муҳаммад»

Назари Раёсати фатвои Маркази исломӣ ба навиштаҷотҳои болои санг танаи ҳайвонҳо ва ғайра бо исми «Аллоҳ ва Муҳаммад»

Назари Раёсати фатвои Маркази исломӣ ба навиштаҷотҳои болои санг танаи ҳайвонҳо ва ғайра бо исми «Аллоҳ ва Муҳаммад»
2015-05-15
4493

Назари

Раёсати фатвои Маркази исломӣ ба навиштаҷотҳои болои санг танаи ҳайвонҳо ва ғайра бо исми «Аллоҳ ва Муҳаммад»

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

      Қазияи мусаллам аст, ки Худованди азза ва ҷалла ба ҳама чиз қодир буда, дар ҳар чизе ки мушоҳида мекунем, қудрати худро зоҳир намудааст. Аммо мазҳари асосии қудрати ҳудованди азза ва ҷалла ин инсон ва сурати уст. Чунончӣ Худованди азза ва ҷалла фармудааст:

«Ба дурустӣ ки Мо одамиро дар некӯтарин сӯрате офридем». (Тин,4)

       Дар воқеъ агар инсон ба сӯрати худ назар кунад, ҳатман аз зебогии офариниши худ дарк хоҳад кард, ки Офарандаи ӯ хеле иқтидор дорад.

    Чунончӣ Паёмбар (с) фармудааст:

     «Ҳар ки худро бишиносад, Парвардигори худро шинохтааст».

     Пас инсон пеш аз он ки аз дидани ашёи дигар мутаассир гардад, муносиб аст, ки ба офариниши худ назар карда, дар фикри ислоҳи худ бошад. Лекин мутассифона инсон баракс зери таъсир қарор гирифта истодааст

     Манзур аз ҷумлаҳои мазкур ин аст, ки солҳои охир баъзе ашхоси бемаърифат ба дидани номи «Аллоҳ» ё номи «Муҳаммад» дар сангу чуб ё дар бадани ҳайвонот аввалан худ таъаҷҷуб карда, сониян мардумро парешон мекунанд.

Бояд тазакур дод, ки дидани чунин ҳайвонот ё сангу чуб дуруст мебошад, аммо ҳамчун муқадассот ба он набояд эътиқод кард. Танҳо аз онҳо панд бояд гирифт, ки Худои мутаъол қодир аст, дар тамоми мавҷудот нақшу навиштаҷотро биофарад.

     Агар чунин навиштаҷот дар бадани ягон ҳайвон бошад, хурдани гушти он ҷоиз аст, зеро Худованд дар Қуръони азимушшаън ҳамаи неъматҳоро барои бандагонаш инъом фармудааст, вале ягон ҳайвонеро барои бандагонаш муқаддас нагардондааст. Агар чунин ҳайвонот кушта шаванд, ҳеҷ гуноҳе бар соҳиби он навишта намешавад, фақат баъди куштан пусте, ки чунин навиштаҷот дорад, зери по наандозанд, чунки ин як навъ таҳкири номи Худо ва Расули ӯ мегардад.

     Аз ин пеш ҳам ҳар гуна овозаҳои ботил мисли ҷунбиши замин ё ин ки ба охир расидани дунё, ки яке мардумро дар шаби зимистони хунук аз хонаҳояшон берун намуда ва дигаре бо хариди шамъ аз мағозаҳо мардумро сарсону саргардон карда буданд, низ таъсири манфии худро дар мафкураи мардум расонида буданд.

     Хулоса фарди муъмин дар ҳар падидае, ки дар олами ҳастӣ ба зуҳур мерасад, бояд ба дидаи ақлу хирад ва нигоҳи ибрат назар андозад ва эътиқод дошта бошад, ки Худованди ягона ба ҳама чиз қодиру тавоност ва ҳарчи бихоҳад анҷом медиҳад. Вале набояд зуҳури чунин падидаҳо сабаби хурофотпарастию манфиатҷӯи ва бо фанду фиреб маблағ ба даст овардан, ҳамзамон муқаддас донистани ҳар навъ ашё ва ҳайвонот гардад.

 

Раёсати фатвои МИҶТ

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More