НАШРИ ХАБАРИ ҒАЙРИ МУЪТАМАД БА НАФЪИ ҶОМЕА НЕСТ!
Ахиран дар бархе аз васоити ахбори омма сару садоҳое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо бебунёду асосанд.
Махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар макотиби кишвар имтиҳонҳо гузаронида мешавад. Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз Шӯрои уламои ҷониби Маркази исломӣ эълон нагардидааст ва нашри чунин хабарҳои ғайри муътамад ҳам боварии хонандагон ба расонаҳоро коста мегардонад, ҳам нофаҳмиҳои дигарро дар ҷомеа ба миён оварда метавонад.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашри ҳар хабари носанҷидаи марбут ба масоили диниро маҳкум менамояд ва аз расонаҳои иттилоотӣ даъват ба амал меорад, ки дар самти нашри ахбори соҳаи дин бо мақоми ваколатдор ҳамкорӣ намоянд.
More news
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


