Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
Изҳороти Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ бод.
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон барои ҳамаи шумо тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза таманно намуда, аз Худованд масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад, дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва некӯкорӣ ҳидоят намуда, ҳар хайру некиеро, ки аз дасташ барои бандагони Худо меояд, дареғ надорад. Худованди меҳрубон дар китоби осмонии хеш мефармояд:
«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накӯкоронро дӯст медорад». (Сураи «Бақара», ояти 195).
Паёмбари Худо – ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадисе чунин таъкид менамояд: «Касе аз шумо мӯъмин шумурда намешавад, то ин ки барои бародараш он чиро дӯст дошта бошад, ки барои хеш дӯст медорад».
Дини мубини Ислом дар ин моҳ барои афроди доро ва сарватманд садақаи фитрро воҷиб гардондааст, то ба ин восита ибодати худро аз ҳар гуна нуқсону халале ҷуброн намоянд ва қалби шикастаи мискинону бенавоёнро марҳам бахшанд. Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Бинобар ин, ҳар фарде, ки тавони молӣ дорад, бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, садақаи фитрашро на ба соҳибнисобону сарватмандон, ходимони дину муллоҳо ва рӯҳониёну эшонҳо, балки барои дастгирӣ ва кӯмак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои мардуми кишвар тавфиқу имон ва ҳидояти комилро таманно дорад.
Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


