Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
Муроҷиатномаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с).
Ассалому алайкум бародарони аҳли Ислом.
Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин моҳи муборак барои ҳамаи шумо тавфиқи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза таманно намуда, аз Худованд масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд. Ин моҳи шариф саросар аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дӯзахро баста дарҳои биҳиштро мекушояд.
Рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Узрҳое, ки ба сабаби онҳо хӯрдани рӯза иҷозат аст, 8-то мебошанд:
1.Беморӣ. (Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати Ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқ ро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст);
2.Дар сафар будан. (Тибқи қарори Шӯрои уламо масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст);
3.Икроҳ - яъне маҷбур кардани рӯзадор ба хӯрдани рӯза ба тариқи зӯрӣ, дар ин ҳолат рӯзадор барои худ осебро қабул накарда бояд рӯзаро хӯрад;
4.Ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад;
5.Модари ширдеҳ- модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст;
6.Гуруснагӣ- гуруснагие, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро дорад;
7.Ташнагӣ- ташнагие, ки хатари ҳалокшавӣ ва беморшавии рӯзадорро дорад;
8.Пирӣ ва солхӯрдагӣ, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад. (Фидя фақат дар ҳамин ҳолат аст ва миқдори он ба андозаи садақаи фитр аст. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас).
Маъхазҳо: Китоби «Мухтасарул-виқоя» ва шарҳҳои он; «Ҳидоя» ва шарҳҳои он; дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ).
Ҷумҳури (аксари) фуқаҳои (олимони ҳуқуқи исломӣ) аҳли суннат ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки бар соҳибони амали пурмашаққат аз қабили даравгар, нонпаз, оҳангар ва коргарони маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос мекунанд хӯрдани рӯза иҷозат аст. (Маъхаз: «Ал фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу», Бейрут, ҷ. 3. с. 1701-1702, Ваҳба Зуҳайлӣ).
Тибқи фатвои китоби «Фатовои Оламгирӣ» шахсони рӯзадоре, ки вакили султон онҳоро дар айёми гармо барои сохтмони иморати аҳамияти муҳимдошта сафарбар мекунад, дар ҳолати эҳсоси зарар ба саломатӣ хӯрдани рӯза барои онҳо иҷозат аст. (Маъхаз: «Фатовои Оламгирӣ», ҷ. 1, с. 227, боби 5, китоби рӯза).
Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо рӯзаро дар вақти муносиб қазо медоранд.
Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба фитрати инсон созгор буда, ҳама ҷанбаҳои зиндагии ӯро мадди назар гирифтааст ва дар анҷом додани ибодот барои ӯ осонгириҳо фароҳам овардааст, аз ин рӯ мусулмони маъзур набояд ба ҷони худ ҷабр кунад.
Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои шумо тавфиқу имону ҳидояти комилро таманно дорад.
Раёсати фатвои Маркази исломӣ