Home News Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар
2019-04-09
8120

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Мардуми шарифи тоҷик аз қадимулайём бо тамаддуну фарҳанги оламшумул ва ахлоқи ҳамидаи хеш шуҳрат дошт. Таърихи ин миллат таърихи ҳимоят аз хоку марзу бум, нангу номуси миллӣ ва хонаводагӣ, посдорӣ аз номи неки аҷдодон ва ифтихор аз тамаддуну фарҳанги асили инсонпарварона аст. Ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом низ ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандўстро мебояд ба Ватану миллат ва фарҳанги худ содиқ бошад, зеро дўст доштани ватан, ҳифзи марзу бум, амнияту осудагӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу муқаддасоти он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти динӣ фармудае ҳаст, ки дўст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз гўшаи имон аст.

«Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст. Аз ин хотир, ба ҳар яки мо воҷиб аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем ва вазифадорем, ки Ватани худро ҳимоя намоем, чунки ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламои Ислом мегўянд, ки «Як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст».

Худованди мутаъол дар сураи «Оли Имрон» мефармояд: «Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед». Муфассирини киром мегўянд: «Ибораи «Ва робиту» - «Омода бошед» дар ҳаққи марзбонон аст.

Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с) омадааст: «Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд»:

  1. Овози қалами нависандагон (зеро барои осудаҳолӣ ва бародарии мардум заҳмат мекашанд).
  2. Овози чархресии занон (фазилати меҳнати ҳалол).
  3. Овози қадами марзбонон (марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то ки дигарон дар амон бихобанд ва ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осуда бошанд).

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесўзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дўст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад». Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан камари ҳиммат бастааст, аз оташи дўзах дар амон хоҳад буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд: «Вафодории инсон дар дўст доштани ватан, мардум ва хидмат барои онҳо зоҳир мешавад».

Агар ба таърихи пайғамбарон назар кунем, мебинем, ки Ҳазрати Мўсо (а) ҳарчанд дар Мадян иқомат дошт, охир ба ватанаш баргашт. Ҳазрати Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба Ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи ватани хеш дуо кард, Худованд дуояшро мустаҷоб гардонид.

Айни замон даъвати баҳорӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардида, иддае аз ҷавонони ба нангу номус бо сари баланд ва бо ихтиёри худ барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва имонӣ ҳозир мешаванд, аммо баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд, ба муҳоҷират мераванд ё баҳонаи дигаре меҷўянд. Гузашта аз ин, баъзе падару модарон низ дар ин кор ба фарзандонашон мусоидат мекунанд. Дар ҳаққи чунин афрод Пайғамбари Худо (с) чунин фармудаанд: «Иҷтанибу-с-сабъал-мубиқот: аш-ширку биллоҳ ва … ат-таваллӣ явма-з-заҳф», яъне «Аз ҳафт чизи ҳалоккунанда дурӣ ҷўед – Ширк овардан ба Худо ва … саркашӣ аз Артиш»!

Чунин тоифа дар замони Ҳазрати Мўсо (а) низ аз хизмат саркашӣ намуда гуфтанд: «Эй Мӯсо, … Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу набард кунед» (сураи Моида, ояти 24). Дар Қуръони карим омадааст, ки, Ҳазрати Мўсо ин тоифаро аз сабаби саркашӣ намуданашон фосиқ хонд. Дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар (с) сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд.

Пас, саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд! Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд.

Хидмати ҳарбӣ мактабест, ки ба ҷавонон дарси матонату шуҷоат, далерию ғайрат, нангу номуси мардонагӣ ва сабру таҳаммул меомўзад. Ҷавононе, ки ин таълимгоҳро ба поён мерасонанд, ақли комилу ҷисми солим ва обутобёфта ба даст меоранд ва дар зиндагии ояндаи худ комёб мегарданд.

Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон воҷиб аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем.

More news

Pray time in Dushanbe

19.12.2024

More
Fajr06:00
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:11
Isha18:41
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More