Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
Имрӯз соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи душанбе 6-уми май фаро мерасад.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:
- Мувофиқи ҳисоби илмӣаввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2019 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи душанбе 6-уми май муайян карда шавад.
- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 500 сомонӣзакот дода мешавад.
- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
- Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
- Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.
Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


