Home News БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ноамн сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон

БАЁНИЯИ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ноамн сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон

БАЁНИЯИ  Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ноамн сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон
2015-09-12
4550

БАЁНИЯИ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ноамн сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон

Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои мамлакат ҳамчун ниҳоди масъул ба фазои дину диндории мардуми кишвар аз кӯшишу талошҳои ноҷавонмардона ва бешарафонаи як гурӯҳ ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва узви ҲНИТ) оид ба муташанниҷ сохтани вазъи сулҳу субот дар Тоҷикистон шадидан нигаронӣ мекунад. Субҳи 4-уми сентябр ин гурӯҳи ҷиноӣ бо роҳи куштору зӯроварӣ ва бо ҳадафи аз нав эҳё намудани вазъи ҷангу муқовимат ба ҳукумати қонунӣ ба бинои марказии Вазорати дифоъ ва шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат ҳамла оварда, чанд нафар муҳофизони амнияту тартиботро ба қатл расониданд. Ахиран, ин гурӯҳи ғаддор аз нокомиву мағлубият ба дараи Ромит фирорӣ шуд ва чунонки аз Маркази матбуотии Вазорати умури дохила бармеояд, қисмати зиёди аъзои ин дастаи террористон безарар гардонида шуда, қисмате дастгир шудаанд.

Тибқи иттилооти мақомоти расмӣ, бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи ин гурӯҳи хиёнаткор чанд нафар аз муҳофизони ҳуқуқу тартибот, сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта ва чанди дигар  маҷрӯҳ шудаанд. Боз бар асари хиёнат ва амалисозии нақшаҳои зиддимардумиву ифротгароёнаи ҷинояткори собиқадоре ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бидуни шубҳа аз рӯи тавсия ва фармони хоҷагони бурунмарзиаш теғи ҷаҳолат бар сари мардуми осудаи тоҷик ва диёри ободи тоҷикистониён кашид, дар чанд оилаи тоҷик садои ҳузнангези гиряву фиғони модарони тоҷик баланд шуд, даҳҳо тифлакони маъсум аз навозиши падарони меҳрубон бенасиб гардиданд.

Андӯҳу алам ва гиряву мотами хоҳарону модарони сарбозону афсарони шаҳидшуда дар замону маконе ба фазо мепечад, ки ҳеҷ гуна осоре аз исёну шӯру ғавғо дар Тоҷикистони орому осоишта ба назар намерасид. Ин гуна оромиву субот, ки мардумони ҷангзадаи дунё дар орзуи он ҳастанд, ба Ҳоҷӣ Ҳалиму мафкурапардозону хоҷагони ӯ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз марзи он писанд набуд ва мо мутмаинем, ки ин кирдори пурдаҳшат натиҷаи кори як қишре ҳаст, ки барояшон арзишҳои сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ аҳамияту қимате надорад. Дар тинати нопоки онҳо то ҳол ҳисси ниқорталабӣ ва ноором сохтани иҷтимоъ ҷавлон мезанад, ки ваҳшонияти Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар инро ба исбот расонд.

Дар урфият мегӯянд, ки таърих беҳтарин омӯзгор аст ва касе, ки аз таърих ибрат намегирад, аз ҳеҷ каси дигар сабақ гирифта наметавонад. Мардуми тоҷик сабақи муноқишаҳои маргбори солҳои 90-умро, ки бо пешхезиҳои гурӯҳе аз ифротиёни наҳзатӣ ва доираҳои ҲНИТ кишварро дар вартаи нобудӣ қарор дод, ҳеҷ гоҳ аз ёд намебароранд. Даҳшатафканиву хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони беимонаш идомаи ҳамон нақшаест, ки ду даҳсола қабл тарҳрезӣ шуда буд: барҳам задани субот ва дар ин замина ба даст овардани суди зиёде аз хоҷагонаш. Аҷаб он аст, ки дар рӯзи нахустини ин вайронкорӣ раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом доштанд, ки бо саркардаи ин исён - Ҳоҷӣ Ҳалим равобите надоранд, гӯиё ин одам дар узвияти ин ҳизб нест… Аммо аз шарҳи ҳоли ин ҷинояткор маълум аст, ки яке аз размандагони фаъоли ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд ва то охир равобити устуворе бо ин ҳизб ва фаъолони он дошт. Масъулияти худро аз ин фоҷиа дур кардани роҳбарияти ҲНИТ, ба назари мо, хеле содалавҳона менамояд. Мардуми тоҷик акнун сиёҳро аз сафед хеле хуб фарқ мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин диёри обод дубора ба гирдоби фано биафтад. Мо бо камоли масъулияти имониву инсонӣ хиёнати ин гурӯҳи ҷиноятпешаро маҳкум мекунем ва ба хешовандону пайвандони афсарону сарбозони шаҳидшуда аз даргоҳи Худованди таъоло сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳем.

То кунун намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ин ваҳшониятро маҳкум кардаанд ва сарони бузургтарин кишварҳои олам – Амрикову Русия низ хоҳони барқарории суботи Тоҷикистон буданашонро эълом доштаанд.  Ҳамчунин Ассамблеяи парлумонии САҲА, Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, чандин созмонҳои дигари байналмилалӣ дастгирии хешро аз сиёсати ваҳдатофарини Ҳукумати Тоҷикистон баён намудаанд. Хашму эътирози садҳо ҳазор ҷавонони тоҷики дохилу бурунмарзӣ, ки тавассути изҳороту баёния ва муроҷиатномаҳо ба нашр мерасад, гувоҳи он аст, ки мардум якдилона ин ҷинояти гурӯҳи ифротиёнро маҳкум намуда, аз сиёсати тараққипарваронаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд. 

 Ин ҳодисаи бисёр нангин ва фоҷиабор дар рӯзҳое рух дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ҷашни аз ҳама муҳим ва азизтарини кишвар омодагӣ дошт. Фардеву гурӯҳе ба ҷуз аз ин тӯдаи ҷинояткорон дар сар хаёле аз нотинҷиву ноамн сохтани вазъи мамлакатро надошт, мардум аз пайи кору фаъолияти ҳамешагӣ, мактабиён рӯ ба муассисаҳои таҳсилотӣ, донишҷӯён ба донишгоҳҳои хеш ва намозгузорон ба масҷид мерафтанд. Яъне зиндагии мардум, ҳамон тавре ки 18 сол қабл сулҳу субот ва амну осудагиро орзу мекарданд ва тӯли ин солҳо ба зиндагии шарафмандонаи осоишта ва шоиставу бунёдкорона одат карда буданд, ҷараён дошт ва дар тасаввури касе ҳам намеғунҷид, ки чунин як амали зиддимардумӣ аз ҷониби шахсияте сар мезанад, ки ҳукумат ба ӯ бовар карда, муовинати вазорати дифоъро вогузор намуда буд. Ин кирдори Абдуҳалим Назарзода ҳамон байти машҳури Саъдии бузургворро ба хотир меорад, ки чунин аст:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст…

Албатта, пушти ин ҷиноят боз киҳо ва чӣ ҳадафҳои дигаре буданд, мақомоти дахлдор муайян хоҳад кард. Яқинан чунин аст, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагиро намехостанд, кибру кина ва адовату ғараз, нотавонбиниву носипосӣ чашмонашонро кӯр карда буданд. Аз ҳама суоли мантиқие, ки дарҳол баъд аз шурӯи ин ҳодиса пеши тафаккури мардум буд, ҳамин буд, ки ба ин генерал-майор, муовини як вазорати мудофиаи кишвар, размандаи мухолифин, ки тавассути Созишномаи сулҳи тоҷикон ба кори пурмасъулияти раҳбарӣ пазируфта шуд, чӣ намерасид? Бо пӯшиши либоси афсарӣ, бо андешаи ватандорӣ ва бо шукру сипос аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ мебоист ба ин мулки ободу шукуфон хидмати ҷонфидоёна мекард, барои бақои ин сулҳи бо баҳои ҷони ҳазорон ҳамдиёронамон дар солҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ бадастомада талошҳои ҷавонмардона меварзид. Ҳайҳот, ки дар табиати ин шахс заррае аз фазоили на фақат арзишҳои инсонӣ, балки аз муқаддасоти исломӣ низ набудааст. Аз ҳама беш аз ин амалкарди Абдуҳалим Назарзода ҷомеаи муслимини кишвар ба эътироз омадаанд. Зеро ҳар фарди муъмин ва мусалмоне, ки аз кӯраи оташи ҷанги хунини солҳои навадум гузаштааст, арзиши сулҳ ва қимати ваҳдатро хуб медонад.

Мардуми иззатманди Тоҷикистон, чӣ муслиму чӣ даҳрӣ, тӯли солҳои ваҳдату истиқлол лаззати зиндагии шоистаи инсониро аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат такрори он солҳои бесуботиро намехоҳанд. Ягон фарди муъмин вазъи Афғонистону Сурияву Ироқ ё шимоли Африқоро, ки ҳамааш, қабл аз дигар омилҳо, натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, барои Тоҷикистон намехоҳад.

Дини мубини ислом ва хосатан мазҳаби ҳанафии он сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиш эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусалмон комилан фаҳмову равшан аст.  Исломи азизу муқаддас куллан муқобили фитнаву зулм ва беадолатист. Зулм аз мавқеи ислом, ба чизе зарар расонидан, аз ҳад гузаронидан, аз роҳи рост баромадан, аз адолат берун будан, ҳақро ба соҳибаш надодан, рафтори ношоиста кардан аст. Ба ҳамин мазомин ин мафҳум дар 58 сураи Қуръони карим ба таври умумӣ 289 маротиба омадааст. Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд:  «Ба бародари муъминатон, хоҳ золим бошад ва хоҳ ба зулм гирифтор, кумак кунед». Яке аз саҳобагон аз Расули Худо пурсон шудаанд: «Ба нафари ба ноҳаққӣ гирифторшуда кумак мекунем, вале ба нафари зулмкарда чӣ хел кумак кунем? Пайғамбари Худо (с) дар посух гуфтаанд: «Бо нагузоштани ӯ ба зулм кардан». Аз ин гуфтори мубораки Расули Акрам чунин хулоса мешавад, ки ислом зидди зулму ситам аст ва вазифаи ҳар фарди мусалмон аст, ки монеаи зулму бадкирдорӣ ва тахрибкорӣ бишавад. Ба ҳамин маънову муҳтаво Сайидои бузург мефармоянд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Ватани азизи мо - Тоҷикистон дар арафаи 24-умин солгарди истиқлол қарор дорад. Имрӯз бо шарофати заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат ва дар ҷавоб қадршиносиву назму низоми фаъолонаи мардуми шарафманди кишвар мо ба рӯзгори осудаву ҳаёти шоиста расидаем. Дар ҳар кунҷу канори мамлакат ободкориҳо идома доранд, рӯз то рӯз зиндагӣ ранги дигар, шукӯҳу шаҳомати дигар мегирад. Дар чунин вазъ рӯ ба харобӣ овардан, нақшаи муноқишаву низоъро кашидан ва нодида гирифтани сулҳу субот гувоҳи ба неъматҳои Худои таъоло носипосиву ношукрӣ кардан аст.

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

В-ар нагӯӣ, аз кафат берун кунад…

Пас, боистӣ ҳамдилу ҳамзабон ва дар паҳлӯи ҳам бошем, то ба қуллаи муроду мақсуд бо ҳам бирасем. Қадри суботу осудагиро донем ва ҳаргиз нагузорем, ки нохалафе пой бар ин муқаддасоти мо гузорад. 

Шӯрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More