Главная Статьи Хариду фурӯши инсон ҷиноят аст!

Хариду фурӯши инсон ҷиноят аст!

Хариду фурӯши инсон ҷиноят аст!
2019-08-01
1727

Хариду фурӯши одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмилӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст. Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандарро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

Дар ин давра, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қаттор чорабиниҳо баҳри такмили қонунгузорӣ, таҳияи заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти дахлдор, ташкили инфрасохтори зарурии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, омода намудании кадрҳо ҷиҳати амалинамоии таъқиботи ҷиноии хариду фурӯши одамон ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони он, инчунин ба таври мунтазам роҳандозӣ кардани чорабиниҳои пешгирикунандаю иттилоотӣ дар миёни аҳолӣ амалӣ гардонида шуданд.

Дини мубини ислом низ чунин падидаҳои номатлубро маҳкум намудааст: “Худованд тиҷорат бо инсонро аз дарҳои хиёнат ва зулму ситам хондааст”.

Дар ҷойи дигар аз Абӯҳурайра  ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Худованд дар рӯзи қиёмат душмани се навъ аз одамон мебошад.

1 Шахсоне, ки паймон баста ва онро мешикананду хиёнат мекунанд.

2 Шахсоне, ки нафари озодро мефурӯшанд ва қимати ӯро мехӯранд.

3 Шахсоне, ки баъд аз анҷом додани кор ҳаққи кормандонашонро намедиҳанд.

Дар сураи Нур, ояти 33 фармудааст: “... ва канизакони худро бар зино маҷбур накунед, то матои зиндагонии дунёро ба даст оред”.

Аз нигоҳи дигар ин намуди тиҷорат ҳаққи зиндагонии шоистаро аз байн бурда, одамонро аз он маҳрум менамояд. Худованд дар Қуръон ҳама намуд тиҷорати инсон, зулму ситам ва дигар амалҳои зиштро нисбати инсонҳо ҳаром дониста, қатъиян онро манъ кардааст.

Дарвоқеъ, истисмори кориву шаҳвонии одамон имрӯз яке аз мушкилоти доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки шумораи зиёди ҳамватанони мо дар кишварҳои дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар хориҷ аз Ватан ва дар муҳити ба онҳо бегона аз ҳуқуқу имкониятҳои худ истифода бурдан бисёр душвор аст. Барои онҳо пеш аз ҳама зарур аст, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ ва малакаҳои корие, ки ба онҳо заруранд ва ҳамчун коргар заҳмат мекашанд, дошта бошанд. Мусаллам аст, ки баъзе шаҳрвандон зимни берун аз кишвар будан ба рафторҳои номуносиб аз ҷониби баъзе корфармоёни беинсоф дучор мегарданд ва дар ҳолати ночор мемонанд.  Бешак дар шароити кунунӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳамчун қисми осебпазири ҷомеа боқӣ мемонанд.  Зери мафҳуми савдои одамон бештар дар зеҳни мардум истисмор ва муносибати норавои шаҳвонӣ меояд. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, надодани музди меҳнат, поймол намудани ҳуқуқ, истифодаи ноадолатона ва муносибати бераҳмона нисбат ба инсон сарфи назар аз миллату нажод ва синну сол дар бисёр кишварҳо ба назар мерасад ва аз тарафи мақомоти дахлдор зимни ошкорсозии чунин ҳолатҳо мавриди пайгирӣ ва тафтишот қарор дода мешаванд. Ҳолатҳои зиёди истифодаи маҷбурӣ ба хотири ба даст овардани манфиати моддию молӣ дар ҷомеаи мо низ ба назар мерасад, ки ҳар як фарди солими ҷомеаро бояд бетараф нагузорад. Ашхосе, ки ба ин кор машғуланд, аз як тараф ба номи инсоният иснод оранд, аз тарафи дигар эътибори кишвари худро низ коста гардонда, дар андешаи шахси осебдида ва ё ҷабрдида таассуроти манфиро ба вуҷуд меорад.

Аз ин рӯ, мо бояд тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем, то масъалаи хариду фурӯши одамон, умуман кирдорҳои бади ғайриахлоқию ғайриинсонӣ дар ҷомеаи муосир пурра аз байн бурда шаванд.

Ҷумабек Наботов,

сармутахассиси Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее