Главная Статьи ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ ТАЙЙИБА

ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ ТАЙЙИБА

ФАЗИЛАТИ КАЛИМАИ ТАЙЙИБА
2019-08-01
2409

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

 

Худованд дар сураи «Оли Имрон» ояти 18 мефармояд: «Аллоҳ гувоҳӣ додааст, ки маъбуде (ба ҳақ) ҷуз Ў нест ва фариштагон ва соҳибони дониш (низ бар ин матлаб гувоҳӣ медиҳанд) дар ҳоле, ки (Аллоҳ дар ҷаҳони ҳастӣ) қоим бар адолат дорад. Маъбуди (ба ҳақ) ҷуз Ў нест, ки тавонманду ҳаким аст. Шоҳид ва баёнгари калимаи зебои  «Ло илоҳа иллаллоҳ» худ ин Аллоҳ ва малоикаҳои Ў ва он нафароне, ки барояшон Аллоҳ илм арзонӣ кардааст, ҳастанд.

Имом Муслим дар китоби «Саҳеҳ»-аш аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муаззинеро шуниданд, ки мегуфт:

أشهد ان لا إله إلا الله – «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ».

Гуфтанд: "Аз дӯзах баромадӣ". Яъне ин калима сабаби наҷот ёфтан аз оташи дӯзах мебошад.             

Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Имон ҳафтоду чанд шоха дорад. Болотарини ин шохаҳо гуфтани  لا إله إلا الله - «Ло илоҳа иллаллоҳ»ва поёнтарини ин шохаҳо дур кардани чизҳои озордиҳанда аз роҳ мебошад." (ҳадиси муттафақун алайҳ.)

Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунанд, ки Паёмбар  (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Касе ки охирин суханаш لا إِله إلا الله - «Ло илоҳа иллаллоҳ» бошад, (аз ин дунё) ба ҷаннат дохил мешавад."

         Барои расидан ба ин фазилати бузург бояд инсон дар ин дунё мувофиқи талаботи ин калима зебо зиндагӣ кунад. Ба Аллоҳ азза ва ҷалла ширк наорад, воҷиботро иҷро кунад ва аз корҳои ҳаром худро дур гирад, доимо дар забонаш ин калима ҷорӣ бошад. Чунонки Имом Тирмизӣ аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Беҳтарини зикр لا إله إلا الله аст ва беҳтарини дуо الحمد لله мебошад."

Аллоҳ ҷалла ва ало ҳамаи моро ба амал кардан ва даъват кардан ба ин калима муваффақ созад. Аз Аллоҳ азза ҷалла пурсонем, ки моро дар ин ҳаёт бар ин калима устувор нигоҳ дорад ва дар дами марг ин калимаи бузургро бар забонҳои мо ҷорӣ гардонад.

Дар «Саҳеҳ»-и Имом Муслим аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Касе, ки дар як рӯз сад бор لا إله إلا الله وحده لا شريك له، لهالملك و له الحمد و هو على كل شيء قدير - «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир» гӯяд, барои ӯ ба озод кардани даҳ ғулом баробар мебошад, барояш сад савоб навишта шуда, сад гуноҳаш нобуд карда мешавад. Ин калимаҳои гуфтааш то расидани вақти бегоҳ ӯро аз шайтон нигоҳ медорад. Касе, ки дар як рӯз сад бор «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ» гӯяд, гуноҳҳояш бахшида мешавад, гарчанде ки мисли кафки баҳр бошад". 

Касе, ки ин калимаи бузургро бо ихлосу сидқу муҳаббат мегӯяд, ба якчанд савоб ноил мешавад:

1. Савоби озод кардани даҳ ғулом.

2. Навишта шудани сад савоб.

3. Маҳв шудани сад гуноҳ. Мақсад аз гуноҳ дар ин ҳадис гуноҳои сағира (хурд) аст, аммо гуноҳои кабира (калон) ба тавба маҳв мегарданд ва бояд инсон аз якояки онҳо тавбаи содиқона кунад.

4. Нигоҳ дошта шудан аз бадии шайтон дар ҳамон рӯз.

5. Бахшида шудани гуноҳо (сағира) барои сад бор гӯяндаи "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳ".

Бояд камари ҳимматамонро мустаҳкам бандем ва тӯшаи охиратамонро бо дасти худ омода кунем. Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:

"Пас, Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва Маро сипос гӯед ва ба Ман носипосӣ макунед". (Сураи «Бақара», ояти 152).

Ин калимаи бузург барои гӯяндааш ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират нафъу фоидаҳои зиёде дорад. Аз ҷумлаи он фоидаҳо гарону вазнин шудани тарозуи аъмолаш ва наҷот ёфтани соҳиби ин калима аз азоби аламовар аст. Чунонки дар «Муснад»-и Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:

"Албатта Аллоҳ дар рӯзи қиёмат мардеро аз байни халоиқ ихтиёр менамояд (дар ривояте: ӯро аз байни халоиқ фарёд мекунад), пас барояш наваду нуҳ сиҷиллеро (дафтареро пур аз гуноҳ) мекушояд, ки дарозии ҳар яки он то ҷои расидани чашм мебошад (дар ривояте: калонии ҳар яктоаш мисли мобайни замину осмон аст). Пас ба бандааш мегӯяд: «Оё аз ин чизеро инкор мекунӣ?  Оё фариштагони нависандаам ба ту зулм карданд?». Мегӯяд: «Не эй Парвардигорам». Ба бандааш мегӯяд: «Оё ягон узре дорӣ ё ягон савобе дорӣ?»  Мегӯяд: «Не эй Парвардигорам». Мегӯяд: «Оре, барои ту дар назди мо як савоб аст ва ту имрӯз зулм карда намешавӣ». Пас барои вай як порчаеро бароварда мешавад, ки дар он навишта шудааст: 

أشهد ان لا إله إلا الله و أشهد أن محمدا عبده و رسوله

«Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди барҳаққе ба ғайри Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи ӯст». Ба бандааш мегӯяд: «Дар баркашида шудани амалҳоят ҳозир шав». Банда мегӯяд: «Ин порча бо ин дафтарҳои бузург чӣ кор карда метавонад?» Мегӯяд: «Ту зулм карда намешавӣ». Сипас он наваду нуҳ дафтар ба як паҳлӯи тарозу ва он порча ба дигар паҳлӯи тарозу гузошта мешавад, пас порча вазнин омада, дафтарҳо боло меравад  ва бо номи Аллоҳ чизе вазнин шуда наметавонад».

Ин банда бо доштани як савоб, он ҳам бошад, бо сидқу ихлосу муҳаббат гуфтани ин калимаи бузург наҷот ёфт,  пас мову шумо бояд шабу рӯз ин калимаро такрор кунем, маънояшро фаҳмем, ба талаботи ин калима амал кунем, то ин ки номаҳои аъмоламон дар рӯзи қиёмат гарону вазнин ояд.

Ба Ваҳб ибни Мунаббиҳ (раҳимаҳуллоҳ) гуфта шуд: «Оё إله إلا الله  لا калиди ҷаннат аст? Гуфт: "Бале, валекин ягон калиде бидуни дандона нест. Ту агар калиде биёрӣ, ки дандона дорад, барои ту дар кушода мешавад ва агар дандона надошта бошад, дар кушода намешавад". Ин асарро Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-ашон овардаанд. Инчунин аз Ҳасани Басрӣ (раҳимаҳуллоҳ) ривоят шудааст, ки ба ӯ гуфта шуд: «Касе, ки  لا إله إلا الله гӯяд, ба ҷаннат медарояд? Гуфт: "Касе ки  لا إله إلا الله гӯяд ва ҳаққашро ба ҷо оварда, фарзи ин калимаро адо намояд, ба ҷаннат медарояд."

Аллоҳи Меҳрубон ин калимаи бузургро дар дилҳоямон ҷой намуда, дар амалҳоямон асарашро намоён гардонад, дар дами марг онро бар забонҳоямон ҷорӣ ва дар рӯзи қиёмат бо аҳли ин калимаи бузург зинда гардонад. Омин.

 

Муҳиддинов Хушмуҳаммад имоми масҷиди ш. Душанбе

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее