Главная Статьи Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддаси миллист

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддаси миллист

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддаси миллист
2019-08-29
2525

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Дар ҳар як кишвар идҳои миллӣ ва сиёсӣ ҷашн гирифта мешаванд. Барои Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз муҳимтарин ҷашнвораҳо ва идҳои мардумист. Ба ин хотир, ки дар истиқлолият мардум шаъну эътибор ва ҳувияти хешро чун ойина мебинанд ва роҳи ояндаи пешрафти худро муқаррар мекунанд. Кишваре, ки истиқлол надорад, ба сони одамест, ки манзили доимии зист ва соябони сари худро надорад.

Истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар муқоиса бо дигар давлатҳо хеле ҷавон аст. Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлол ба даст овард. Заминаи ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 буд, ки дар ҷаласаи дуюми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардид. Эъломия аввалин ҳуҷҷати тақдирсоз ва тасдиқкунандаи  соҳибихтиёрии Тоҷикистон буд.

Халқи тоҷик 9-уми сентябри соли 1991-ро ҳамчун санаи тақдирсоз ва раҳоӣ аз тобеияту итоат меҳисобад. Дар ин сана дар ҷаласаи Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва ариза «Дар бораи эълон гаштани Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Аз он рӯз оғоз намуда, халқи тоҷик истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад.  Дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2-юми августи соли 2011, №753 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда, рӯзи иди ғайрикорӣ эълон шудааст. Дар рӯзи иди Истиқлолияти давлатӣ Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуда, чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Истиқлолият мустақилият, тобеъ набудан ва соҳибихтиёриро ифода мекунад. Соҳибихтиёрӣ маънои волоият, ҳокимият ва мустақилиятро дорад. Яъне волоият   аз қувваҳои беруна ва мустақилона амал  кардан  дар   дохили кишвар. Дар замони муосир соҳибихтиёриро ба  давлатӣ, миллӣ, шахсият ва шаҳрвандӣ тасниф менамоянд.  Соҳибихтиёрии давлатӣ ин  сифатҳои ҳуқуқии ҷудонашавандаи давлат буда,  мустақилияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҷавобгарӣ ва арзиши баланди субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ,  тобеъ намудан ба давлати дигар, баробарҳуқуқии давлат ва мустақилона амал намудани онро  дар  сатҳи байналмилалӣ ифода менамояд. Дар  замони муосир истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ҳамчун калимаҳои ҳаммаъно низ фаҳмида мешавад.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон онро бисту ҳафт сол пеш ба  даст овард, натиҷаи кӯшишу талоши тӯлонии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан  ба  давлатдории  худ  дар  зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устуворгардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш,  яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин ҳар як нафар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои устувориву рушду нумӯи кишвари азизамон ва истиқлолияти он саҳми воқеии худро бояд гузорад.

ҷашни давлативу мардумии истиқлол воқеан як ҷашни ҳамагонист, ки ба хосу ом, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзии мо тааллуқ гирифта, аз накҳати ҷонфазои он гӯиё замину замони ин диёри куҳанбунёду тамаддунофарин атрогин мешавад, рӯҳияи қадршиносӣ ва ҳубби ватан, пос доштани хотираи бузургмардони он ва эҳсоси наҷиби ифтихор аз имрӯзу ояндаи дурахшони ин сарзамини биҳиштосо дар мағзи саросари сокинони Тоҷикистони азиз маъво гирифтааст. Ин ҳолату вазъият аз ваҳдати воқеии мардум шаҳодат медиҳад ва як бахти осмониест, ки Худованди қодиру меҳрубон ба Тоҷикистон насибу рӯзӣ гардонидааст.

         Агар истиқлолият ҳастии миллату давлат бошад, пас фарҳангу маънавияти исломӣ дар пайкари ин ҳастӣ нақши қалбро дорад. Мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он ифтихорманд ҳастанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳофизи исломи асил ва мухолифи тааассубу хурофот борҳо аз минбарҳои баланд ба ҳимояти арзишҳои исломӣ садо баланд карда, динро ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ эътироф намудааст.

Истиқлолият ҳамон неъмати бебаҳоест, ки бо саъю талошҳои тӯлонии фарзандони ҷонфидои ин миллат дар натиҷаи паси сар кардани чандин имтиҳоноти вазнин дар масири таърих ба мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар шудааст. Ба қавли Мавлонои Рум:

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,

ҳеҷ дигар ҷои қилу қол нест.

Акнун вазифаи ҷонии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки ин неъмати худододиро бо заҳмати шоиставу фаъолияти пурсамари хеш таҳким бахшад ва ҷовидонӣ гардонад. Истиқлолият ҳаммаънои зиндагии поку шоистаи мост, қадршиносии ин марзу бум ва поси хотир доштани онҳоест, ки барои ба чунин пирӯзиҳо расидани мову Шумо хидмат кардаанд. Дӯст доштани Ватан ва хидмати содиқона ба мардум аз зумраи арзишҳои волои исломӣ ҳастанд ва ҳар фарди мусалмонро зарур аст, ки барои ободонӣ ва пешрафти ин диёри азиз ҷаҳду талош кунад.

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее