Главная Статьи ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДЕ, КИ САРЧАШМАИ САОДАТ АСТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДЕ, КИ САРЧАШМАИ САОДАТ АСТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДЕ, КИ САРЧАШМАИ САОДАТ АСТ
2019-09-06
2076

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Маҳз ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату Ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ дар ҷомеаи мо гардид. Эмомалӣ РАҲМОН.


Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин шуда бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул кард. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд. Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монда шудааст. Конститутсияи нави ҷумҳурӣ заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлакатро гузошт. Бори нахуст ҳокимияти судӣ баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд, ки ин аз баланд рафтани мақоми судӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. 

Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат мебошад. Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба суд салоҳиятро доданд, ки гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин, манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд.

Татбиқи адолати судӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст. Аз ин рӯ, маҳз ҳокимияти судӣ неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар уҳда дорад. Ба ибораи дигар, ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро наметавон бидуни таъмини адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.

Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2011 иброз намуда буданд, ки яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад. Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.

Ҷамолиддин  АБДУЛЛОЗОДА

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее