Главная Статьи НОМАНӢ ДАР МАРЗ БА НАФЪИ ҲЕҶ ҶОНИБЕ НЕСТ!

НОМАНӢ ДАР МАРЗ БА НАФЪИ ҲЕҶ ҶОНИБЕ НЕСТ!

НОМАНӢ ДАР МАРЗ БА НАФЪИ ҲЕҶ ҶОНИБЕ НЕСТ!
2019-10-24
1960

Сулҳу салоҳ ва амну субот барои тамоми аҳли башар неъмати бениҳоят бузург ҳисоб меёбад. Инсон ҳаёти хешро бе ин тинҷиву оромӣ наметавонад бо тариқи саодатмандиву пурсамар гузаронида бошад.

Касе, ки дар кишвараш ноили амну осоиштагӣ бошад ва дар бадан ноили тандурустӣ бошад, чунин шахс тамоми дунёро дорост. Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе аз шумо саҳар бархезад, дар худ амнро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ӯ қути ҳамонрӯзааш бошад, чунин аст, ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст» (ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Афроди алоҳидае, ки аз ҷониби Қирғизистон бо баҳонаҳои гуногун фитнаву пархош эҷод мекунанду сабаби номнӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя мешаванд, фаромӯш накунанд, ки амнияти кишвари худашон низ ноором мегардад.

Таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ ҳамчунин яке аз суннатҳои Пайғамбари Худо (с) мебошад. Расули Худо (с) баъди ором ёфтани кофирони Макка роҳи муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҳамсояро пеш гирифта, барои паҳн намудани дини мубини Ислом ва мустаҳкам намудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба Эрон, Яман, Рум ва дигар давлатҳои ҳамсоя расулонро фиристода ва дар ислом суннати давлатдорӣ ва ҳамзистӣ бо дигар кишварҳоро ба роҳ мондаанд.

Бинобар ин, ҳамаи масъалаҳоро бо роҳи дипломатӣ ҳал кардан мумкин аст ва беҳтарин усули сохти давлатдорӣ мебошад.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ заҳмат кашида, ин сулҳу осоиштагиро бо кӯмаки Худованди муттаъол барпо намудаанд ва барои пойдории он тамоми халқи азизи кишварамон иншооллоҳ устувор ба по меистанд.

Худованди мутаъол дар сураи «Оли Имрон», ояти 200 мефармояд «Эй мӯъминон сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед». Муфассирон мегӯянд: Ибораи «Ва робиту» - «омода бошед» дар ҳаққи марзбонон аст.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки нигаҳбони сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бошем ва Ватани худро ҳимоя намоем. Мо боварӣ дорем, ки халқи ҳамсояи мо ин корҳои ношоистаро намехоҳанд, танҳо баъзе гурӯҳҳои нохалаф ин амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳанд.

Аз номи намозгузорон амалҳои фитнаангези ин гурӯҳҳоро маҳкум менамоем ва аз даргоҳи Худованди муттаол пурсон мешавем, ки байни халқҳои кишварҳои ҳамсоя меҳру муҳаббат нисбати ҳамдигар ва равобитаи дӯсти мустаҳкамро ато фармояд.

М. Муҳаммадхоҷаев,

Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Имоми Аъзам»-и ҷ.д.Ҳ.Усмонови

н.Б.Ғафуров

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее