Главная Статьи Ҳимояи ватан қарзу шарафи мост!

Ҳимояи ватан қарзу шарафи мост!

Ҳимояи ватан қарзу шарафи мост!
2019-10-28
2290

   Асосан инсон робитаи моддӣ ва маънавии фаровоне бо зодгоҳи худ дорад ва таърихи зиндагиаш бо он пайванди ҷудонашавандае пайдо кардааст. Ҳамин пайванд сабаби алоқаи ӯ ба Ватан мешавад ва ҳамин алоқа сабаби ҳифз, дифоъ, бунёд ва ободии он (Ватан) мегардад.

Дифоъ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як шаҳрванди он воҷиб аст. Пайғамбар с.с. замоне, ки ба Мадина ҳиҷрат карданд, аввалин корашон бастани аҳду паймон бо тамоми мардуми Мадина, ҳам мусулмонон ва ҳам яҳуду насоро буд, дар хусуси дифоъ ва ҳифз намудани хоку марзҳои шаҳри Мадина.

Бо вуҷуди он, ки қавми яҳуд дар аксари маворид аҳдшиканӣ мекарданд ва ҳатто бо душманони ислом ҳампаймон мешуданд, аммо бо он ҳам Расули акрам с.с. талош мекарданд, ки ваҳдат ва ҳамбастагиро дар дифоъ аз шаҳри Мадина ҳифз кунанд.

Худованд инсонро аз як падар ва модар (Одам ва Момо-Ҳаво) халқ кард ва сипас наслҳои баъдии онро ба шакли миллатҳо даровард ва ба ҳар кадом аз ин миллатҳо қитъае замин дода, ки бо истифода аз имконият ва неъматҳояш дар он зиндагӣ кунанд.                                  

Ҳар сарзамине ҳаққи ҳамон миллате аст, ки дар он зиндагӣ мекунад. Бояд ҳар як сокини он кишвар, зодгоҳу Ватани худро ҳифз намояд. Барои ин мо бояд сараввал Ватанамонро дӯст дорем, чунки меҳри Ватан барои хушбахт нигаҳ доштани як кишвар ва мардумаш амри зарурӣ аст ва ҳар шахсе, ки зодгоҳу Ватанашро дӯст дорад, ӯ ҳеҷгоҳ аз хизмату ҳимояи он рӯй намегардонад.

   Алалхусус барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷой ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ ва далериву ҷасуриро омӯхта, бадани худро обутоб медиҳанд ва муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватани хешро ёд мегиранд.

   Расулуллоҳ с.с. дар яке аз суханҳои муборакашон чунин фармудаанд, ки:

«Муъмину мусулмони қавӣ, шуҷоъ ва далеру ҷасур, дар назди Худованд аз муъмину мусулмони тарсончак ва танбалу заиф, беҳтару маҳбубтар аст…» (аз Абу Ҳурайра бо ривояти имом Муслим).

   Дини муқаддаси ислом бандаҳои худоро амр ба хифзу ҳиомояи Ватанашон намуда, оиди савоб ва аҷру мукофотҳои ин амали нек, чандин башоратҳои дилгармкунанда додаст.

   Аз он ҷумла Худованди бузург мефармояд:

«Эй муъминон, сабр кунед, қадами худро устувор нигаҳ доред ва марзу буми зодгоҳатонро ҳифзу ҳимоя намоед, аз азобҳо ва ғазаби Худованд битарсед, то ки аз растагорону наҷотёфтагон шавед» (сураи Оли Имрон ояти 200).

  

   Расули акрам с.с. дар чандин аҳодиси худ чунин башоратҳо додаанд:

   «Як шабонарӯз ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар роҳи ризогии Худо, беҳтар аст аз якрӯза рӯзаи нафл ва якшаба қиём кардан…» (аз Салмони Форсӣ бо ривояти имом Муслим).

  «Ду чашме аст, ки ҳаргиз дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро намебинанд: 1. Чашме, ки аз тарси азобу ғазаби Худо гиря мекунад.

  2. Чашме, ки барои ҳифзу ҳимояи марзу буми зодгоҳи худ дар роҳи ризогии Худо, шабро бе пӯшида шудан рӯз мекунад. (аз ибни Аббос бо ривоятҳои имом Тирмизӣ, Насоӣ ва Дорамӣ).

  «Як рӯз ба хотири ризогии Худованд, марзу буми Ватанро ҳифзу ҳимоя намудан, аз дунё ва ҳарчӣ дар дохили он аст, беҳтар мебошад » (аз Саҳл ибни Саъд бо ривояти имом Бухорӣ).

   Аз ин оятҳо ва аҳодиси Расули акрам с.с. маълум мегардад, ки дини муқаддаси ислом тарафдор ва муҳиббу дӯстдори он бандаҳое мебошад, ки дар роҳи ризогии Худованд марзу буми кишвари худро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ҳифзу ҳимоя менамоянд.

   Дар ҳақиқат ин амали шарафмандоню ватандӯстона, ҳамчун ибодат ба даргоҳи Худованд ҳисоб гардида, дар дохили он ризогии ӯ вуҷуд дорад, зеро худи Парвардигор амр намуда истодааст, ки марзу буми зодгоҳу кишваратонро ҳифзу ҳимоя намоед.     

   Пӯшида нест, ки ҳар амале, ки дар дохили он ризогии Худованд бошад, соҳиби он амал сазовори аҷру савоб ва мукофотҳои нек мегардад.

  Имрӯз мо алҳамдулиллоҳ, ки бандаи Худо ва уммати Муҳаммад с.с. ҳастем, бояд аз рӯи дастуру супоришҳои Парвардигор амал намуда, ба суннатҳои Пайғамбарамон с.с. пайравӣ намоем. Аз он ҷумла, мисли Расули акрам с.с, ки зодгоҳашонро дӯст медоштанд, мо низ Ватани азизамонро дӯст дорем, аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ- дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Модар-Ватан саркашӣ накунем ва худро канора нагирем.   

  Зеро, оромиву амният дар хонадони ҳар яки мо, хушбахтиву саъодат дар Ватан, хандаҳои беғаши кӯдакон, нафаси осудаи падару модарони мо аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди Худошиносиву худшиносӣ ва меҳанпарастии онҳо вобастагии калон дорад.

Хусрав Ҳомидов Имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво» -и шаҳри Хуҷанд

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее