Главная Статьи ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ-РОҲИ РАСИДАН БА САОДАТ

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ-РОҲИ РАСИДАН БА САОДАТ

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ-РОҲИ РАСИДАН БА САОДАТ
2020-02-10
2014

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа мебошад.

Пешвои миллат дар Паём дар радифи натиҷагирӣ аз дастовардҳои кишварамон дар солҳои қаблӣ ва муайян намудани ҳадафу нақшаҳо барои оянда ба чанд нуктаи муҳиме ишора намуданд, ки он ҳар як сокини огоҳи кишварро ба андешаву тааммул вород месозад. Аз ҷумла, Роҳбари давлат аз хатару таҳдидҳои замони муосир, ки дар аксар маврид дар пӯшишҳои динӣ зуҳур мекунад, ҳушдор дода, таъкид намуданд, ки бояд ҳар яки мо дар муқовимат бо ин таҳдидҳои хатарзо ҳушёру бедор бошем.

Чунончи Пешвои миллат таъкид доштанд:

“Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”. Бо дарназардошти ин таъкиди Пешвои миллат мо бояд беш аз пеш зиркаии сиёсиро аз даст надиҳем, арзишҳои милливу динии худро беолоиш ҳифз кунем ва ҳамаи талоши худро баҳри нигоҳдошти фазои сулҳу суботи кишвар харҷ намоем. Ҳамин аст роҳи расидан ба саодату рушд.

Юсуфалии Ҳасан,

корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее