Главная Статьи ЧОРААНДЕШИИ ДАВЛАТ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

ЧОРААНДЕШИИ ДАВЛАТ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

ЧОРААНДЕШИИ ДАВЛАТ БА ХОТИРИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ
2020-03-21
1724

Чанд чораандешии давлат ҷиҳати пешгирии короновирус, ки ба манфиати мардуми шарифи тоҷик аст, барои душманону хоинони миллат фурсат пеш овард, то тавассути интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии интернет миёни мардум хабару овозаҳои беасосро паҳн намуда, ҳангома барпо кунанд.

Мардум (бештар онҳое дар назар аст, ки дониши кофӣ ва тасаввуроти лозима нисбати вазъу ҳолати мавҷуда надоранд) бошад, ба овозаву ҳангомаҳо дода шуда, ба воҳимаву ҳарос афтиданд. Онҳо ба мағозаву дӯконҳои маводи ғизоӣ дарафтида, лозиму нолозим ба харидану захира кардани маводи ғизоии аввалиндараҷа, монанди орду равған, шуруъ намуданд. Чаро мардум барои худ дарди сар месозанд? Магар намедонанд, ки ин воҳимаву тарсу ҳарос замина мегузорад, ки  савдогарони фурсатталаб нарху маҳсулотро бардоранд ё ба хотири фардо қиматтар фурӯхтан онҳоро пинҳон кунанд ва ё бо гузашти ин «тӯфони сохта» дигар нархи маҳсулотро паст нанамоянд.

Душманону хоинони миллат бозори иғвоангезиву тафриқаандозӣ ва ҳаросафканиву воҳимаандозии худро дар интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоии он гарм карда, ин иқдоми саривақтии Ҳукумату давлатро вожгуна барои мардум нишон дода истодаанд.

Мардуми шарифи тоҷик бояд донанд, ки иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумату давлат барои манфиати сокинони кишвар аст. Чунки пешгирӣ кардани рафтани мардум ба маконҳои таҷаммуи одамон, монанди қатъи муваққатии намозҳои ҷамоат дар масоҷид ва роҳпаймоӣ (маршировка)-ҳо яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин вируси маргбор аст.

Як нуктаи дигарро низ ба инобат гирифт, ки ҳолатҳои сироят ёфтани одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, Роҳбарияти Олии кишвар ва дигар ниҳодҳои дахлдор ҷиддан талош доранд, то вируси мазкур ба кишвари мо ворид нагардад. Сокинони кишвар натанҳо ба овозаҳои бардурӯғ ва фейкие, ки аз карантин гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нарасидани маводи ғизоӣ дар саросарии кишвар мегӯянд, бовар кунанд, балки нисбати чунин овозаҳои воҳимабарангезу тафриқаандоз бетафовут набошанд. Яъне, дар фаҳмондадиҳиҳо фаъол бошанд ва ҳангоми мушоҳида намудани чунин ҳолатҳо, ки аз ҷониби ҳангомасзон дар дохили кишвар сохта паҳн карда мешаванд, бо мақомоти кишвар ҳамкорӣ намоянд.

Вақте мо худро мусулмон мешуморему ҳама корро аз тақдир мебинем, пас, чаро аз ин «махлуқи худо» (коронавирус) ин қадар метарсем? Эй мусулмонон, ҳар дардро давоест ва набояд аз вируси нарасида аҷал тарошид!!!

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее