Главная Статьи Фоидаҳои рўза дар ҷисму рўҳи инсон

Фоидаҳои рўза дар ҷисму рўҳи инсон

Фоидаҳои рўза дар ҷисму рўҳи инсон
2020-05-08
2566

Ҳамди беҳад Худованди меҳрубонро, ки моро боз ба моҳи пурбаракати Рамазон - моҳи хайру саховат, тоату ибодат ва тиловати қуръон расонид. Дуруду саломи бепоён бар Расули инсу ҷон ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ҳама медонем, ки инсон аз модда (ҷисм) ва рӯҳ иборат аст. Рӯҳ муҳимтарин ва пурзӯртарин бахши вуҷуди инсон аст, зеро ҷисм мемирад, аммо рӯҳ ҷовид мемонад. Ҷисми берӯҳ монанди ҳайкал пуч ва хушку холӣ аст.

Рўза барои ҷисму рўҳи инсон фоидаҳои маънавӣ ва иҷтимоии зиёд дорад, чун Худованди мутаъол ба воситаи он инсонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ва ба ӯ хештандорӣ ва худидоракуниро меомўзад. Агар намоз, ки болотарин мазҳари покизагӣ ва нуқтаи пайванди банда бо Худост, ки дар таскини асабҳо, бартараф сохтани дардҳо, изтироботи ботинӣ ва парешониҳо, зудудани ғамҳо ва эҳёи оромиш ба қалби инсон беҳтарин восита маҳсуб меёбад, пас рўза ба ҷисму рўҳ ва ақли инсон неру ва ба қалби ӯ тақвою хештандорӣ мебахшад ва фаъолияти зеҳнии ўро афзун мегардонад.

Дар ин моҳи муборак ибодатҳо зиёд гардида нафсҳо тарбия меёбад. Дар ин моҳ дасти ёрии нафарони доро ба сўи қишри камбизоат дароз мегардад, ки дар натиҷа савобу мағфират ба авҷ мерасад. Ин моҳ бо хондани таровеҳ ва хатми Қуръон, дуову ниёиш ва ифтору саҳархўриҳо дар ҳаёти ҳар фарди мўъмин як сафҳаи тоза боз менамояд. Дар ин моҳ банда шикебоии худро ба исбот мерасонад ва сазовори хайру баракат ва навозиши Борӣ таъоло мегардад, инчунин наҷотро дар рўзи пурдаҳшати қиёмат ҳосил менамояд. Чунончи Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Рўза ва Қуръон рўзи қиёмат ба шафоати соҳиби худ бармехезанд. Рўза мегўяд: “Парвардигоро, рўзҳо ман ўро аз хўрдану нўшидан ва рафъи дигар хостаҳояш манъ кардам, маро дар ҳаққи ӯ шафеъ гардон”. Қуръон мегўяд: “Ман шабҳо аз хоби ӯ монеъ мегардидам, шафоъати маро дар бораи ӯ бипазир”. Пас ҳардуяшон барои вай шафеъ гардонда мешаванд”.

Рўза доштани моҳи Рамазон илова бар он машаққате, ки дар он вуҷуд дорад, ба инсон одоби амал низ меомўзад. Аз ҳазрати Юсуф (а) пурсиданд: “Барои чӣ бар гуруснагӣ сабр мекунӣ, ҳол он ки хазинаҳои Миср ба ту дода шудааст?”. Юсуф  (а) гуфт: “Метарсам, ки сер шаваму гуруснагонро фаромўш кунам”. Дар воқеъ, тибқи таълимоти исломӣ рўза доштан риёзати ҷону тан аст ва ба ин васила одамон ҷисму рўҳи худро аз хаёлу андешаҳои ботил ва кирдору рафтори ношоиста эмин медоранд. Ба ибораи дигар, риёзату ибодат одоби писандидаи исломӣ буда, моҳияти асосии дини мубини Ислом низ тарѓиби покиву озодагӣ, парҳезкорӣ ва омўхтани илму дониш аст.

Моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст.

Дар охир аз Худованди Маннон барои тамоми мардуми кишвари азизамон масъалат дорем, ки дар ин моҳи раҳмату маѓфират номаи аъмоли ҳамагонро ҳамчун варақи сафед покиза бигардонад ва дар зиндагии оянда бурдбориҳо ва комёбиҳоро аз хизонаи ѓайбаш арзонӣ фармояд.

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее