Главная Статьи АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ!

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ!

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ!
2020-08-14
2274

Дар саргаҳи таърихи ҳар як миллату давлат шахсиятҳое меистанд, ки бо  фитрату хислат, хулқу атвор, афкору андеша ва рафтору гуфтор ба дигарон намунаи ибрат гардида, бо кору пайкори хеш дар миёни мардум ва ҷомеаи ҷаҳон  соҳиби нуфузу обрў ва эътибору эътимод мегарданд.

Баъди ҳазор сол, Худованд барои миллати тоҷик, ки аз ҷабри  таърих ва тохтутози душманони аҷнабӣ ҳама дороиҳои худро аз даст дода, таҳти тасаллути дигарон умр ба сар мебурд, фарзанди фарзона ва дўстдору ғамхор ато фармуд, ки имрўз бо эҳёи фарҳангу таърих, тамаддуни оламшумул ва рисолати созандагиву бунёдкорӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намуд.

Пешвои муаззами миллат фарҳангро ҳамчун василаи тарбияи рўҳу равон, муоширату муносибати  боадабона, истеъдоди суханронӣ ва камолоти шахс ҳисобида, ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Зеро фарҳанги пурғановату баланд доштани мардум, нишонаи возеҳи тамаддуни бой ва таърихи кўҳан доштани давлату миллат аст.

Шахсияте чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардида, бо сиёсати оқилонаву хирадманона, иқдому ташаббусҳои созанда, истеъдоди суханвариву давлатдорӣ ва афкору  андешаи сулҳофариву  хайрхоҳӣ дар ҷамъияти шахсиятҳои  шинохтаи олам, роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун низ маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд.

Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуни илмҳои дунёро китоб номида, дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардаанд.

Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаю дониши донотарини доноёнро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлокиро дорост. Китоб барои мо дўсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафики беғараз, ҳамдаму ҳамсўҳбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳо аст.

Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Зеро китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад.

 Ҳар шахс ба воситаи хондан донишро афзун мегардонад, ҳиссиёти хубашро сайкал медиҳад. Чунонки гул аз гулзор , сабзаву лола аз куҳсор, об аз ҷўйбор, кабку товус аз марғзор ҷуста мешаванд, гавҳари дониш аз китоб ба даст меояд. Одам аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлок омўхта, барои хизмату обод кардани Ватан камари ҳиммат мебандад, накўкору некахлоқ ба камол мерасад.

Дар ин росто Президенти мамлакат дар Паёми худ роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омўзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

“Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дўст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Таъкид шуд, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Илму дониш дар таълимоти шариат мақоми волотарин дошта, нузули Қуръони карим низ бо амр ба донишандўзӣ оғоз гардидааст. Аз Расули акрам (с) дар ин маврид чанд ҳадиси гуҳарбор меорем, ки амал ба онҳо сабаби ободии дунёву охират мегардад:

     Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Касе роҳеро интихоб кунад, ки ба он васила дониш талаб кунад, Худованд барои ў роҳи биҳиштро осон мегардонад»;

«Ҳар кас барои талаби илм роҳеро ихтиёр кунад, Парвардигор роҳи ҷаннатро ба ў осон месозад. Ҳамоно фариштагон толиби илмро бо болҳояшон иҳота мекунанд. Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабанд. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли моҳтоб бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони Паёмбаронанд. Ҳамоно анбиё на динору дирҳам, балки илмро мерос гузоштаанд».

Дар ин мавзўъ Имоми Аъзам ба фарзандашон Ҳаммод низ чунин васият намудаанд: «Аввал, дар унфувони ҷавонӣ, ки хотири ҷамъ ва қалби фориғ дорӣ ва ҳанўз зеҳн ва хотират ба аҳлу аёли бисёр машғул ва мушавваш нагаштааст, илм биомўз!

«Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ, аз илм рўй нагардон! Зеро илм зикри Худо аст ва вақте аз илм рўй гардонӣ, ба зиндагии танг ва сиёҳрўзӣ мубтало мегардӣ».

«Вақте дарк намудӣ, ки ба донистан ва омўхтани чизе ниёз дорӣ, худро зиёд дар ҳолати ҷаҳлу нодонӣ нагузор, балки ҳарчи тезтар онро биомўз!

Мақсад аз талаби илм фақат улуми динӣ набуда, омўзиши улуми муосир, техника ва технология низ фаризаи илоҳӣ аст. Ин аст, ки Сарвари давлат пайваста ҷавононро ба омўзиши илм ҳидоят намуда, аз ҷумла фармудаанд:

 «Мероси оламшумули олимони машҳури мо бахши асили фарҳанги ғании миллиамонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо дар пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоламон дар баробари дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рушди фарҳанги динӣ низ эътибори доимӣ медиҳем».

 «Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки Худованди мутаъол омўхтани илмро ҳам ба марди мусулмон ва ҳам ба зани мусулмон фарз гардонидааст». Аз ин хотир моро лозим аст, ки бештар ба илму маърифат рўй оварем, ба ҷавонон меҳри китобхониро талқин намоем, онҳоро дар рўҳияи ватандўстӣ ба воя расонем.

Дар охир аз Қуръони карим чунин дуо мекунем, ки «Рабби зидни илмо» - «Худоё илмамро зиёда гардон»!

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее