Главная Статьи ҚАДРИ МОДАР

ҚАДРИ МОДАР

ҚАДРИ МОДАР
2021-03-10
2257

ҚАДРИ МОДАР

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари росгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.

Як шаба он ранҷ ки модар кашид.

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

      Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзиву бедорхобӣ ва бурдбории ў танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасаду аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсонаст. Ба зери болини кўдакӣ гузоштани китоб ё муқаддами дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тилфаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

       Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғўши гарми модар қимати ўро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. шоир барҳақ фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

        Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар... Мутаассифона на ҳама вақт мо бо қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем, гоҳ дар дарёи пуршўри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромўш месозем. Аммо баъд аз кору кирдори худ пушаймон гашта ба суроғаш меоем, аммо сад афсўс, ки дигар ганҷи аз даст рафтаро намеёбем, зеро аз даст додани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст.

Модар каси беҳиммат бошад,

Дидори ғарибии ў ғанимат бошад.

Аз махзани панди он бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

       Бешубҳа такя дар паҳлўи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.

Такя дар паҳлўи модарҷон ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст.

        Оре давлату сарвати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хосса дорад. Шоирон симои воқеъии ўро бо сухан нишон дода, номмашро то моҳ баровардаанд. Бемуҳобот модар ба қадрдонӣ сазовор аст. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ўро бо назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қатдри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд.

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

        Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвандаи боғи муаттари модарон аст. Аз ин рў ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти шоир Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост.

..Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.

«Модарон ба мисоли мактабанд». Ин маънӣ аз суханҳои гаронбаҳои Паёмбари Худо (с) бармеояд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.

Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷўи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хўрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.

Дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».

Абўҳурайра (раз) мегўяд: «Шахсе назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт:

- Ё Расулуллоҳ (с), сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист? Фармуданд: - Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар. (Муттафақун алайҳ).

Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар муҳити раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дўши ўст ва аз ин рў, фарзанд бояд нисбати ў шафқати бештар дошта бошад.

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее