ШУКРИ НЕЪМАТ АЗ АЗАЛ ОСОИШИ НАВРЎЗИ МО
ШУКРИ НЕЪМАТ АЗ АЗАЛ
ОСОИШИ НАВРЎЗИ МО
Шукри неъмат аз азал осоиши Наврўзи мо,
Гардиши сол аст дар ҳар гардиши Наврўзи мо.
Чак-чаки борони найсон оварад нуру сафо,
Ҳам шифои дардҳо оромиши Наврўзи мо.
Ғунчаҳо андар ҳаё аз рў кушоданҳои худ,
Булбулон хушнағма бо фармоиши Наврўзи мо.
Субҳидам бо накҳате файзе биёрад рўзи нав,
Байни мардум ваҳдате аз ҷунбиши Наврўзи мо.
Ту дуо кун, эй Ҳусайн, ҳар рўзи мо Наврўз бод,
Бахт афзояд ба мо афзоиши Наврўзи мо!
МУБОРАК ҶАШНИ НАВРЎЗАТ,
ДИЁРАМ!
Муборак ҷашни Наврўзат, диёрам!
Ҳумоюн шуд зи ту фасли баҳорам.
Сарафрозӣ ба миллат ҷилвагар шуд,
Ки шукрона-ш зи миллат интизорам.
Чароғи халқи мо пурнур гашта,
Ки он равшан кунад чашми хуморам.
Гули зардолуи бобоиро бубин,
Гулистон гаштааст инак диёрам.
Зи боди он насими навбаҳорон,
Муаттар шуд зи бўяш гулузорам.
Ҳусайно, бо тафохур гў ба миллат,
Ки ҳаст аз Пешво ин ифтихорам.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода