МО ҲАРГИЗ ХОКИ ВАТАНРО БА КАСЕ НАМЕДИҲЕМ
Абармардони миллати тоҷик ва ҳомиёни шуҷои Ватан дар дарозои таърих ҳифзу ҳимояи хоки Ватанро ба ҷон хариданд, қурбон шуданд, ба коми оташ рафтанд, дар муқобили тири душман сина сипар карданд, аммо таслим нашуданд, то қатраи хуни охирин аз марзу буми хеш муҳофизат карданд…
Дар баробари ин Тоҷикистон то ҳол муносибатҳои ҳамсоягӣ ва робитаҳои дӯстонаву бародаронаро миёни давлатҳои ҳамҷавори хеш нигоҳ дошта, бо онҳо дӯстона муносибат дорад ва намояндагони тамоми халқу миллатҳоро фарзандвор дар оғуши гарму нарми хеш кашида, мепарварад. Аммо… баъзан ба чашм мерасад, ки бархе аз давлатҳои ҳамҷавори мо, монанди Қирғизистон аз ин оини неки мо суиистифода намуда, қасд ба ғасби хоки мо мекунад. Ҳарчанд ин маниши бади онҳо ба гуфтор ҳам бошад, дар олами маҷозии интернет сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст, ки гӯё давлати Қирғизистон тамаъ ба порае аз хоки Ватани мо – ВОРУХ дорад. Шаҳрвандонро лозим аст, ки ба ҳар гуна овозаҳои дурӯғ ва фитнаҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет хезонида мешавад, бовар накунанд. Чунки ин амал ношуданист ва ҳеҷ гоҳ ҳам нахоҳад шуд! Онҳо бояд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори хеш карда, бар муқобили ҳама гуна овозаву фитнаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ истодагӣ намоянд, вокуниш нишон диҳанд ва садо баланд намоянд, ки «МО ҶОН ДИҲЕМУ ВАТАН НАДИҲЕМ». Мо ба «сокинону фурсатҷӯён»-и интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ) бо қатъият аз корномаҳои Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯем. Чунки Пешвои миллат метавонанд ҳар мушкилоти марзиро бо сиёсати хирадмандонаи хеш бартараф кунанд.
Моро лозим аст, ки суханони Пешвои миллатро, ки дар вохӯрӣ бо сокинони Ворух гуфтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиори хеш намуда, гӯем, ба такрор гӯему нависем, ки «мо ҳаргиз хоки Ватанро ба касе намедиҳем. Хоки Тоҷикистон барои мо муқаддас аст».
Бинобар қавли шоири меҳандӯст, мо омодаи ҳифзи марзу буми Ватанем, дар ҳама ҳолат ва дар куҷое аз гӯшаи дунё набошем:
Саф кашем, амр агар ҳаст, пайи ҳифзи Ватан,
Таҳти фармон ҳама афсар ба як имою сухан.
Амри хизмат ба ҳама шарт чу як қарзи Ватан,
Ҳаст тайёр ба хизмат ҳама – чи мард чи зан.
Маъруф Шонасурдинов,
мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин