Главная Статьи ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БАРОИ ҲАЙВОНОТ НИЗ МОЯИ РАҲМАТ АСТ...

ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БАРОИ ҲАЙВОНОТ НИЗ МОЯИ РАҲМАТ АСТ...

ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БАРОИ ҲАЙВОНОТ НИЗ  МОЯИ РАҲМАТ АСТ...
2021-04-24
2696

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

“Воқеан дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накўкорист...”. Аз суханони Пешвои миллат

     Дини мубини Ислом на фақат муомилаи нек бо инсониятро новобаста аз дину миллат ва нажод ташвиқу тарғиб мекунад, балки муомилаи нек бо ҳайвонотро сабаби ба раҳмати Худованди меҳрубон расидан ва ба биҳишти ҷовидон муваффақ гардидан маънидод мекунад. Ислом, чаҳордаҳ аср пеш аз ба вуҷуд омадани анҷумани ҳимоят аз ҳайвонот ба ҳимояти онҳо пардохта, муҳаббат ва меҳрубонӣ бо ҳайвонотро яке аз шуъбаҳои имон ба ҳисоб оварда ва азият ва бераҳмӣ нисбат ба онҳоро аз мӯҷиботи оташи ҷаҳаннам қарор додааст. Дар ин маънӣ ба суханони Паёмбари гиромиқадр (с) менигарем: Пайғамбари гиромиқадри Худо (дуруд бар эшон бод) барои асҳоби киром шахсеро қисса мекунанд, ки сагеро мебинад, ки аз шиддати ташнагӣ забонаш овезон шуда дил мезанад. Он мард дохили чоҳе мешавад кафшҳояшро аз об пур мекунад ва ба он саг об медиҳад, то сер мешавад. Пайғамбар (с) фармуданд: ”Худованд бар ӯ подош дод ва гуноҳҳояшро мағфират кард”. Асҳоб гуфтанд: Эй Расули  Худо! Магар мо дар рафтор бо ҳайвонот ҳам подош ва савоб дорем? Пайғамбар (с) фармуданд: ”Бале, дар рафтори нек бо ҳар ҷондоре савоб ва аҷр доред”. (Бухорӣ). Дар муқобили ин намунаи неке, ки мӯҷиби бахшиш ва ризояти илоҳӣ воқеъ шуд, Њазрати Расулуллоҳ (с) як намунаи дигареро нақл мекунанд, ки хашм ва азоби Худоро оварда: “Зане дохили дӯзах шуд ба сабаби ин, ки гурбаеро ҳабс карда буд. На ба он ғизо медод ва на раҳо мекард, то худаш бо шикори баъзе аз паррандагон ва ҳайвоноти дигар зиндагӣ кунад”. (Бухорӣ)

         Пайғамбари  Худо (с) дар эҳтиром ва риоят ва ҳимояти ҳаққи ҳайвонот ба ҷое расида, ки вақте мебинанд сурати хареро бо оҳан доғ кардаанд, асабонӣ ва ба шиддат нороҳат мешаванд ва мефармоянд: ”Қасам ба Худо, касе, ки чунин корро анҷом додааст, дар рӯзи қиёмат ба сазои ин амали бад, болотарин нуқтаи сураташ доғ хоҳад шуд”. (Муслим)

         Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Пайғамбари бузургвор (с) аз канори харе мегузаранд, диданд, ки рўяш доғ шудааст, фармуданд: ”Магар ба шумо нарасидааст, ки ман лаънат кардаам касонеро, ки рўйи ҳайвонотро доғ менамоянд ва ё сару сурати онҳоро мезананд”. (Абудовуд). Инчунин, дар ҳадисе бо ривояти Имом Аҳмад (р) омадааст: ”...Худо ӯро лаънат кунад...”.

          Аллоҳи меҳрубон ба некӯ анҷом додани тамоми корҳоро фармудааст, ҳатто ки дар муомила бо ҳайвонот, чунончи бо ривояти Имом Муслим аз Паёмбари гиромиқадр (с) меоранд, ки забҳи ҳайвон дар сатҳи некӯтарин ба ҷо оварда шавад ва бояд ҳар нафаре, ки забҳ мекунад корди худро ниҳоят тез карда бошад, то ҳайвони забҳшаванда бо роҳат забҳ шавад ва азоб накашад.

         Имом Аҳмад (раҳмати Худо ба эшон бод) фармуданд: ”Ҳайвони забҳшаванда бояд ба забҳгоҳ ба нармӣ оварда шавад ва аз он кордро бояд пинҳон дошт ва танҳо кордро ҳангоми забҳ истифода бурд”. (Ҷомеул-улум вал- ҳикам)

          Имом Нававӣ (раҳмати Худо ба эшон бод) мефармоянд: ”Набояд ҳайвоне дар ҳузури ҳайвони дигар забҳ карда шавад”. “Шарҳи Саҳеҳ Муслим”

Ҳидоятов Н

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее