Главная Статьи ТАВБА ВА ШАРТҲОИ ОН

ТАВБА ВА ШАРТҲОИ ОН

ТАВБА ВА ШАРТҲОИ ОН
2021-06-10
1729

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

           Ҳамду сано Худованди бахшандаи меҳрубонеро, ки одамиро аз хок офарид ва ба ў ақлу хирад бахшид, то дастуроти ўро иҷро намоянд. Дуруду саломи бепоёни Худованд бар Расули акрам (с) ва тамоми хонадону ёорону пайравонаш то рўзи қиёмат бод.

          Ҳар як бандаи мўъмин бояд аз Худованди мутаол битарсад ва ба даргоҳаш тавба намояд, зеро Ў тавбакоронро дўст медорад ва Ў беҳтарини омурзандагон аст. Инсон бояд аз сидқи дил ба даргоҳи Худо тавба намояд, бо даст кашидан аз гуноҳон ва пушаймон шудан бар кардаҳои худ ва қасду ирода намудан ба ин ки дигарбора даст ба чунин кор нахоҳед зад. Ин аст тавбаи насўҳ, ки Худованд ба он амр намудааст. Худованд мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед, ба сўи Худованд тавбаи насўҳ намоед. Шояд Парвардигоратон гуноҳҳони шуморо кафорат намояд ва шуморо дохили биҳиште гардонад, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равонанд» (сураи “Таҳрим”, ояти 8).

       Тавба ин нест, ки инсон бо забони худ бигўяд ман ба сўи Худованд тавба кардам, дар ҳоле, ки ў маъсиятро идома медиҳад. Тавба он нест, ки инсон бо забонаш тавба намояд, вале дар ҳақиқат аз гуноҳҳои кардааш пушаймон нашавад. Тавба он нест, ки бо забон бигўяд дар сурате, ки қасд накунад, ки дигар даст ба он намезанад. Мўъмини гунаҳгор ба даргоҳи Парвардигораш тавба намояд, пеш аз он ки дари тавба ба рўи ў баста шавад.

         Худованд тавбаи бандаашро то замоне қабул менамояд, ки ҷон ба гулўяш нарасида бошад. Вақте он ба гулў расид, дигар тавба фоида надорад. Ҳамчунон ки Худованд мефармояд: «Ҳамоно, ки тавба бар Худованд барои касоне мебошад, ки надониста гуноҳе мекунанд, пас зуд тавба менамоянд. Пас инҳоянд касоне, ки Худованд тавбаашонро қабул менамояд. Ва Худованд доно ва ҳаким аст. Ва нест тавба барои касоне, ки гуноҳҳо мекунанд, то ин ки марг домангирашон гашт, мегўяд ман акнун тавба кардам ва на барои касоне, ки кофир мемиранд. Онҳоянд, ки барояшон азоби дардноке омода сохтаем» (сураи “Нисо”, оятҳои 17-18).

       Пас ба сўи тавба бояд шитофт, зеро ҳеҷ касе намедонад, ки марг чӣ вақте меояд ва кай азоби илоҳӣ мерасад. Худованд мефармояд: «Оё онҳо аз макри Худо дар амонанд? Пас аз макри Худо дар амон нестанд, магар қавми зиёнкор» (сураи “Аъроф”, ояти 99).

Оё касе аз макри Худо дар амон аст? Ў барои бандагон неъматҳои гуногун медиҳад, аммо онҳо дар баробари он исён меварзанд. Оё ба ин олами паҳно назар немекунанд, то бубинанд, ки чӣ балою офатҳо омадааст? Гуруснагӣ, тўфонҳо, ҳосилоти кам, қаҳтӣ, бемориҳои сироятӣ ва бебаракатӣ, ки дар бисёр мамлакатҳои олам дида мешавад, оё наметарсанд, ки бар сари онҳо низ биёяд? Худованд ба золимон муҳлат медиҳад, вале чун мавъид фаро расид, дигар пушаймонӣ суде надорад. Худованд мефармояд: «Чунин аст гирифтани Парвардигорат ҳангоме ки мардуми диёрро мегирад, дар ҳоле, ки онҳо золимонанд. Албатта, гирифтани Ў бисёр дарднок аст» (сураи “Ҳуд”, ояти 102).

         Бузургтарин мусибат ин сиёҳию бемории қалб аст. Мардуми зиёде ҳастанд, ки қалбҳои вайрон доранд, онҳо панду насиҳат ва мавъизаҳоро гўш мекунанд ва онро дар китоби Худованд ва ҳадисҳои Паёмбараш мехонанд, вале гўё чизеро нашунидаанд. Агар онҳо хуб диққат диҳанд, танҳо он мавъизаҳо барои онҳо чанд муддате таъсир мекунаду халос ва чун андак муддат бигзарад, дигар ҳамаро фаромўш мекунанд ва гўё чизе нашунида бошанд. Дигар оташи ғайраташон хомўш мегардад ва ғафлат дилашонро фаро мегирад ва чун пештара мегарданд. Худованд мефармояд: «Ва баъди онҳо гурўҳе омаданд, ки намозро зоеъ намуда, пайрави шаҳват шуданд. Онҳо ба зудӣ гирифтори гумроҳӣ мегарданд. Магар касе, ки тавба кард ва амали нек намуд, пас онҳоянд, ки дохили ҷаннат мешаванд ва андаке зулм намебинанд» (сураи “Марям”, оятҳои 59-60).

         Ҳамчунин касоне ҳастанд, ки дар бораи надодани закот ва оқибати бади он чандин ояту ҳадис шунидаанд, вале ҳанўз ҳам закот намедиҳанд. Худованд мефармояд: «Бигў: Ман низ ба монанди шумо инсонам, ки ба сўи ман ваҳй шудааст, ки Худои шумо Худои ягона аст. Пас дар баробари Ў рост бошед ва аз Ў омўрзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон, касоне, ки закотро адо намекунанд ва онҳо ба охират бовар надоранд» (сураи “Фусилат”, оятҳои 6-7). Онҳо ин оятро мешунаванд, вале дар манъ кардани закот иқдом мекунанд ва молҳои худро барои дигарон захира мекунанд. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳеҷ зишткорие дар байни мардуме пайдо нашудааст ва мардум онро ошкор накардаанд, магар ин ки дар миёни онҳо бемориҳое паҳн мегардад, ки дар пешиниён набуд. Ва дар вазну дар тарозу намезананд, магар ин ки онҳо гирифтори қаҳтӣ ва сахтӣ қарор мегиранд. Ва закотро манъ намекунанд, магар ин ки аз оби борон маҳрум мешаванд. Ва агар чорвоҳо намебуданд, як қатра ҳам намеборид. Ва аҳди Худову Паёмбарро намешикананд, магар ин ки душмани бегона болояшон ҳамла мекунад ва он чӣ дар даст доранд, меситонанд. Ва агар имомони онҳо ҳукмро аз рўи китоби Худо накунанд, дар байни худашон даргириҳо ба вуҷуд меояд» (Ривояти Байҳақӣ).

        Тавба фоидае надорад, агар гуноҳро давом додан гирем. Чӣ гуна инсон тавба мекунад ва аз гуноҳи кардааш даст намекашад? Чӣ гуна инсон аз фиреб тавба кардааст, дар сурате, ки ҳанўз ҳам дар тиҷорату дигар муомилаҳояш фиребгарӣ мекунад? Чӣ гуна инсон аз ғайбат ва гўшти мардумхўрӣ тавба кардааст, дар ҳоле, ки дар ҳама маҷлисҳо машғули ғайбати мардум аст? Чӣ гуна инсон аз ҳаққи мардумхўрӣ тавба кардааст, дар сурате, ки ба ноҳақ моли мардумро мехўрад, гоҳҳо ҳаққи мардумро инкор мекунад ва гоҳҳо бо фиребу найранг ва бо порахўрию фиреб, ё бо тарозузанию рибохўрӣ? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар кӣ ба бародари мусалмонаш дар мол ё обрўяш зулме карда бошад, бояд онро имрўз баргардонад, пеш аз он ки рўзе фаро расад, ки на мол дорад ва на динор ва дар он рўз танҳо амалҳои хубу бад ҳастанд» (Ривояти Бухорӣ).

         Тавба дар баробари он ки даст аз гуноҳ кашидан, пушаймон шудан ва қасд кардан ба барнагаштан бар он аст, ҳамчунин қасд кардан ба он аст, ки ҳарчӣ бештар машғули тоату ибодати Худованд шавад, то аз ҷумлаи он тавбакороне бошад, ки Худованд дар бораи онҳо мефармояд: «Ҳамоно, ки Худованд тавбакорон ва покизагонро дўст медорад» (сураи “Бақара”, ояти 222).

         Шумо ба даргоҳи Парвардигоратон тавба намоед ва аз Ў бо забону тамоми баданатон омўрзиш бихоҳед. Худованд мефармояд: «Ва шумо ба сўи Худованд ҳамагон тавба намоед, эй мўъминон, шояд, ки наҷот ёбед» (сураи “Нур”, ояти 31). Баъзе мардум фирефтаи орзуҳо гашта, дунболи найранги шайтон мегарданд ва тавбаро барои замони пирияшон вогузор  менамоянд. Чунин инсонҳо аз тавба даст мекашанд, то замоне, ки дилҳояшон тира мегардад ва дигар гуноҳ барояш чизи одӣ мешавад ва тавбаро фаромўш мекунанд ва имкон дорад дар ҷавонӣ ногаҳон марг ба эшон бирасад. Аз гуноҳ фавран тавба намудан воҷиб аст, набояд онро ба баъд гузорем, зеро дар таъхири тавба гуноҳест муҳтоҷ ба тавба. Тавба кардан воҷиб аст, зеро Худованд дар китобаш ба он амр намудааст ва Паёмбар дар аҳодиси зиёдаш дастур додааст. Худованд саодати дунё ва охиратро ба тавба вобаста намудааст ва Ў мефармояд: «Ва ин ки шумо аз Парвардигоратон омўрзиш талабед ва ба даргоҳаш тавба намоед» (сураи “Ҳуд, ояти 31). Худованд боз мефармояд: «Ва шумо ба сўи Худованд ҳамагон тавба намоед, эй мўъминон, шояд, ки наҷот ёбед» (сураи “Нур”, ояти 31). Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Эй мардум, шумо ба даргоҳи Худо тавба намоед, зеро ман ҳамарўза ба даргоҳи Худо сад бор тавба менамоям» (Ривояти Муслим).

        Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ман дар як рўз беш аз ҳафтод маротиба аз Худованд омурзиш металабам ва ба даргоҳаш тавба мекунам» (Ривояти Бухорӣ).

         Тавба кардан фавран воҷиб аст, зеро тамоми амрҳои Худо ва Паёмбараш барои саодати инсон аст. Мо ҳеҷ далеле надорем, ки таъхири тавбаро иҷозат диҳад, аз тарафи дигар таъхири тавба боиси бисёр шудани гуноҳ мегардад ва дилҳоро сиёҳ мекунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Мўъмин вақте як гуноҳ мекунад. дар дилаш як нуқтаи сиёҳ пайдо мешавад. Ин ҳамон сиёҳист, ки Худованд дар китобаш гуфтааст: «Не! Балки дар дили эшон сиёҳист ба сабаби он чӣ амал мекарданд» (сураи “Мутаффифин”, ояти 14) (Ривояти Тирмизӣ).

           Ҳар як мўъмин бояд аз Худованди мутаол битарсад ва ба даргоҳаш тавба намояд, аз маъсият рў ба сўи тоаташ орад, зеро ки Худованд тавбакорону поконро дўст медорад. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба сўи Худованд тавбаи насўҳ намоед, шояд Парвардигоратон гуноҳҳои шуморо кафорат намояд ва шуморо дохили биҳиште созад, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равонанд. Рўзе, ки Худованд Паёмбар ва касонеро, ки ҳамроҳи ў имон овардаанд, хор намесозад. Нурашон пешопеш ва тарафи рости онҳо ба ҳаракат дарояд. Онҳо мегўянд: Парвардигоро, нури моро пурра намо ва моро мағфират кун, ҳамоно, ки ту бар ҳама чиз тавоноӣ» (сураи “Таҳрим”, ояти 8).

          Худоё, моро барои зуд тавба кардан муваффақ гардон ва моро ба он амалҳое, ки дар ошкору ниҳон боиси хушнудии Ту мешавад, тавфиқ деҳ, зеро Ту ғайбро нек доноӣ.

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее