ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ ТАМОМИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудшавӣ раҳо бахшидани давлату давлатдории он нақши бузурге бозид. Аз апрели соли 1994 то июни соли 1997 нуҳ музокироти расмӣ ва 18 вохӯриҳои тарафҳо баргузор гаштаанд. 27-уми июни соли 1997 дар Москва дар вазъияти тантанавӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ниҳоят Ваҳдати миллӣ, ки роҳнамои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ҷисми беҳоли Ватан рӯҳу равони тоза бахшид. Давлату миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳо намуд.
Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.
Имрӯз халқиятҳое чун ӯйғурҳо, курдҳо, тибетҳо, баскҳо шумораи зиёди аҳолӣ доранд, аммо соҳибдавлат нестанд. Ваҳдати миллӣ рукни муҳими ҳифзи истиқлолу соҳибдавлатии миллист. Танҳо давлати миллӣ метавонад ҳамчун қудрати миллат шинохта шавад ва бар зидди ҳама зуҳуроти тафриқаандоз мубориза барад. Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллат, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррез, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг шинохта шудан аст. Ваҳдати миллӣ пойдевори рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мардум бо истифода аз Ваҳдати миллӣ ободкориҳоро хеле вусъат бахшиданд. Имрӯз аҳолӣ медонад, ки хонаи обод, фазои орому осудаи Ватани азиз аз файзу баракати Ваҳдат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барпокунандаи бедории миллӣ ва тақвиятбахшандаи он кишварро бо азми устувор рӯ ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ниҳод. Сохтани нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб натанҳо пайвандгари минтақаҳо, балки васлгари дилҳо, таъминкунандаи ваҳдати сартосарии ҷумҳурӣ мебошад.
Ба ҳамаи ин пешрафти давлати хуқуқбунёди демократиамон нигоҳ накарда боз ҳастанд нотавонбиноне, ки тинҷию осоиштагии халқи тоҷикро намехоҳанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба кӯйи гумроҳӣ мебаранд. Аз содалавҳии онҳо истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст зада, ба гурӯҳҳои тундгаро шомил месозанд. Бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Зеро ҷавонони мо, ҷавонони солҳои навадуми қарни гузашта нестанд. Ин ваҳдату ягонагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷавонони тоҷик бо ғурур ва ифтихори миллӣ меҳани худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.
Шароити мураккаби феълии ҷаҳони муосир бо ҳамаи зуҳуроту падидаҳояш моро водор месозад, ки беш аз пеш ҳушёру зирак бошем. Агар ҳар кадоми мо чун риштае бо ҳам пайваста, тоб хӯрем, ресмони давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму ногусастанӣ мегардад, он гоҳ кор натиҷа медиҳад.
Ободӣ аз иттифоқ хезад,
Парокандагӣ аз нифоқ хезад.
Оре, агар мо бо ҳам носоз шавем, якдигарро ранҷонем, кору амал халал меёбад ва боиси бедавлатӣ мегардад. Ба қавли Абдуқодири Бедил:
Васли инсон гули муроди ҳама,
Боиси фахру иттиҳоди ҳама.
Яъне, чун инсон ҳастӣ, бояд ба инсон дар васл бошӣ, муҳаббат бархезад, дӯстию муҳаббат кашфест, ки одамони гуногунро ба ҳам мепайвандад. Ҳар инсон бояд дили дигар инсонро ба даст орад.
Ваҳдати мо оварад осудагӣ,
Гул кунад з-осудагиҳо зиндагӣ.
Ин ҳама пешрафту шукуфоӣ самараи ваҳдати миллӣ аст. Пас мебояд, ки мо ин ваҳдатро чун гавҳари чашми худ ҳифз намоем, то дастовардҳои аз ин ҳам баландро сазовор бошем.