Главная Статьи ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИСТ

ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИСТ

ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИСТ
2021-07-29
1879

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Таҳаммулпазирӣ дар ҳақиқат фазилати дини мубини Ислом ҳисоб мешавад. Таҳаммулпазирӣ яке аз сифатҳои неки инсонӣ буда, маънои сабр, бардошт, қаноат, эҳтироми ақидаву афкор, мурувват, ҳиммат, бахшиш, меҳрубонӣ ва ҳамдардиро дар бар мегирад. Қуръони карим чун асос ва сарчашмаи  ин фазилатҳо ба аҳли имон бо хитоби «Ё айюҳал муъминун», яъне эй мўъмимон хитоб намояд, илова бар ин боз бо хитоби «Ё айюҳан нос», яъне эй одамон, низ чун хитоби умумибашарӣ ва умуминсонӣ  муроҷиат менамояд. Аллоҳ таъоло дар сураи Исро ояти 70 мефармояд; «Ба таҳқиқ мо бани Одамро мукаррам намудем». Дар ҳадиси мубораки Пайғамбар (с) омадааст «Касе, ки ба одамон раҳм накунад, Аллоҳ таъоло ўро раҳм намекунад». Дар мисоли ин оятҳои Қуръони Карим ва аҳодиси Пайғамбар (с) мо даъват ба таҳаммулпазириро мебинем, ки тибқи онҳо Пайғамбар (с), саҳобагони киром ва гузаштагони мо амал мекарданд. Рўзе ба назди Пайғамбар як гурўҳ саҳобагон омаданд ва нисбати қабилаҳои Давс ва Сақиф шикоят карданд, ки онҳо аз ҳадд гузаштанд ва имон намеоранд, дар ҳаққи онҳо дуои бад намоед. Расулуллоҳ (с) дар ҳаққи онҳо чунин дуо карданд: ”Парвардигоро қабилаи Давс ва Сақифро ҳидоят намо”! Ва илова намуданд. “Ман на барои лаънат кардан фиристода шудаам, балки барои раҳмати оламиён фиристода шудаам.” Мисоли дигари таҳаммулпазирии исломро дар симои Пайғамбар (с) мебинем, ки дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ ба Мадинаи Мунаввара намояндагони Наҷрон бо роҳбарии Епископ омаданд, Пайғамбар (с) онҳоро дар масҷиди Мадинаи Мунаввара қабул карданд. Онҳо бо либосҳои динии худ дар масҷид ҳозир буданд ва худи ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба онҳо хидмат мекарданд. Замоне, ки вақти ибодати меҳмонон расид ва онҳо аз Расулуллоҳ иҷозат пурсиданд, Пайғамбарамон Муҳаммад (с) шароити  онҳоро дар масҷид фароҳам оварданд ва меҳмонон ибодати худро дар Масҷиди Набавӣ адо намуданд. Ин аст намунаи баланди таҳаммулпазирии дини мубини Ислом. Донистани ин воқеъаи бузурги таърихӣ барои ҳар як мусулмон зарур ва лозим аст. Пайғамбари ислом (с) ба аҳли китоб, яъне насрониҳо ва яҳудиҳо ва хоссатан ба насрониҳо эҳтироми алоҳида ва самимӣ доштанд. Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунанд, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с)  чанд вақт пеш аз вафоташон аз як яҳудӣ сипари худро ба гарав монда, си соъ ҷав гирифтаанд. Чаро Пайғамбар(с) аз як яҳудӣ қарз гирифтанд? Наход, ки аз  байни саҳобагон ягон шахсе ёфт нашуд, ки ба Пайғамбар (с) қарз диҳанд, ҳол он ки аксари  онҳо  сарватманду молдор ва ҷонфидои он Ҳазрат буданд!? Ин таълимоти бузурги Ислом буда, ҳикмати олии динамонро инъикос менамояд, ки барои мо намунаи беназир мебошад, яъне муомилаи моро бо намояндагони динҳои дигар, бо миллату қавмҳои гуногун  таълим медиҳад. То имрўз мусулмонон дар атрофу акнофи дунё зиндагонӣ мекунанд ва бо пайравони динҳои гуногун ҳамсоя мешаванд. Дини мубини Ислом бо онҳо рафту омад, эҳтиром, доду гирифт ва ҳатто издивоҷ намуданро манъ накардааст. Шукри Истиқлолият ва озодии Тоҷикистони азизамонро мекунем, ки мардуми сарбаланду сулҳофарин аз фарҳанги таърихӣ ва бои аҷдодии худ ва алалхусус аз таълимоти динию мазҳабии хеш ҳамаҷониба баҳраманд гашта истодааст. Халқи тоҷик дар ҳама замон бо намояндагони миллатҳои гуногун ҳамзистии осоиштаро асоси зиндагии хеш медонист. Мувофиқи таълимоти дини мубини Ислом, аҳли имон мебояд бо намояндагони гуногуни ҷомеа муомилаи нек, рафтори нек дошта бошанд. Дар масоиле, ки ин ҳамзистии осоиштаро ба вайронӣ ва ҷудоӣ мебарад, бояд муросокорӣ нанамоянд. Қуръони Карим мефармояд; «Дар кори хайру нек ва тақво ҳамкорӣ кунед» ва мо ба ин анъанаҳои наҷиби гузаштагон бояд пайрав бошем ва ифтихор дорем, ки сулҳи тоҷикон намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст. Бо ҷонбозиҳо ва таҳаммулпазирии бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи мо имрўз аз неъмати бузурги ваҳдати миллӣ ва мазҳабӣ баҳрабардорӣ менамояд. Дини мубини Ислом низ меҳвари ҳама некиҳо ва хушбахтиҳои зиндагии инсонро дар сулҳу оромӣ мебинад. Маънои ояти «Вас-сулҳу хайрун» бе тарҷимаву тафсир ҳам ба ҳама фаҳмо аст. Ба ҳама маълум аст, ки аз асри 9 ҳиҷрӣ сар карда ба диёри мо мазҳаби ҳанафӣ расида омадааст. Ин хидмати бузург ба имом Абу Ҳафси Кабир, ки шогирди Имом Муҳаммад ва эшон дар навбати худ шогирди Имоми Аъзам буданд, насиб гаштааст. Мазҳаби Имоми Аъзам аз дигар мазҳабҳо дида таҳаммулпазиртар буда, ба урфу одатҳои маҳаллии мардум имконияти васеъ додаст. Ин мазҳаб дар ҳақиқат мазҳаби халқпарвар буда,  ҷудоандозӣ ва тарафкаширо барҳам додаст. Ғояҳои арзишҳои таҳаммулпазирӣ дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ мавқеъи хосса дорад ва ҳамаи пайравону уламои ин мазҳаб то имрўз ин нуқтаи арзишманди мазҳаби Имоми Аъзамро тарғиб ва таълим медиҳанд. Аллома Абу Мансур Мотуридӣ дар тафсири сураи Ҳаҷ, ояти 40 менависад; «Калисо (ибодатгоҳи насрониҳо) ва Синагога (ибодатгоҳи яҳудиҳо)-ро вайрон кардан мумкин нест. Дар ин масъала байни аҳли илм ягон ихтилофе нест». Бинобар ин дар тўли 15 аср дар мамолики мусулмонон ибодатхонаҳои пайравони ин адён боқӣ мондаанд ва фаъолият мебаранд. Худованд дар сураи Мумтаҳана , ояти 7 мефармояд «Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангиданд ва аз сарзаминатон берун наронданд бознамедорад». Дар тафсири Насафӣ  ин оятҳоро чунин шарҳ додаанд:” Бо вакилони дигар динҳо эҳтиром гузоред ва ба онҳо дар сухан ва амал некӣ кунед.” Дини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафӣ дини сулҳу таҳаммулпазирӣ мебошад, аммо афсўс, имрӯз бархе аз ҷавонони мо аз надонистани ин мўҷизаи илоҳӣ худро ба сафи ҷараёнҳои ғайриқонунӣ дохил шуда, ба давлати Сурия ва Ироқ рафта, мардуми бегуноҳро ба қатл расонида, мамлакаташонро ба вайрона табдил доданд. Ба суханони иғвогарони ба ном Давлати Исломӣ бовар карда ба роҳи шайтон даромадаанд. Бо номи ҷиҳод  амалҳои шайтонии худро рўйпўш карда, дини мубини ислом ва мусулмононро дар ҷаҳон беобрў карда истодаанд.  Ҳол он ки Қуръони карим ва Пайғамбар Муҳаммад (с) моро ба одамдўстӣ, ба меҳру шавқат, раҳмдиливу дилсӯзӣ ва таҳаммулпазирӣ даъват менамоянд. Имрўз дар баробари ифтихор намудан аз миллату давлат ва арзишҳои бофазилати гузаштагонамон  ҷавонон аз онҳо бохабар бошанд ва бояд бикўшанд, ки боз ҳам содиқонатар дар хидмати Ватани азаизашон собитқадам бошанд, обрўю эътибори ин халқу миллатро мисли гузаштагонашон муқаддас дониста, дар ин самт ҷонфидо гарданд. Дар бораи таҳаммулпазирии ислом сухан мегуфта бошем, дар охир онро бояд таъкид намоем, ки дар ислом на фақат ба одам зарар расонидан, балки ба ҳайвонот, наботот зарар расонидан ҷоиз нест. Ҳатто дар вақти ҷанг, ки инсонро марг таҳдид мекунад, боғу бўстонро вайрон кардан, дарахтонро буридан манъ аст. Имрўз мо, вазифаи бисёр ҳам  муҳим ва ҳаётиро бар ўҳда дорем, ки ҷавононро аз фазилатҳои бузурги фарҳанги миллӣ ва мусулмонии гузаштагонамон огаҳ созем, то ин ки сазовори ҷойнишини онҳо гарданд. Ниёгони мо аз чашмаҳои зулоли маърифати фарҳанги миллӣ ва динӣ баҳраманд гашта, на фақат байни худ, балки байни ҳаммаи миллату халқиятҳо бо меҳру муҳаббат ва эҳтирому мурувват зиндагӣ мекарданд, ки нишонаи имону ихлоси баланду нотакрори онҳо мебошад.

                                                                                                      М.Калонзода

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее