Главная Статьи Фазилати мисвок ва хилол дар китоби «Ас-саводу-л-Аъзам»-и имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ

Фазилати мисвок ва хилол дар китоби «Ас-саводу-л-Аъзам»-и имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ

Фазилати мисвок ва хилол дар китоби «Ас-саводу-л-Аъзам»-и имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ
2021-08-24
1222

«Ас-саводу-л-Аъзам» яке аз сарчашмаҳои қадими мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат буда, соли 290 ҳ./902-903м. бо супориши амир Исмоили Сомонӣ ва бо машварати фақеҳони бузурги Мовароуннаҳр аз тарафи имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ (ваф. 342 ҳ./953 м.) ба забони арабӣ таълиф шудааст ва сипас онро бо фармони Нӯҳ ибни Мансур тақрибан соли 370 ҳ./980 – 981 м. ба забони форсӣ тарҷума кардаанд. Ин асар дар шумори куҳантарин намунаҳои насри форсизабон ва сабки куҳани тарҷумонӣ аст. Муаллиф дар он мавқеъи мазҳаби ҳанафии аҳли суннатро дар шасту як масъалаи эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои нақливу ақлӣ ва ба сабки бисёр равону сода баён кардааст.  

Масъалаи панҷоҳу ҳаштуми ин китоб дар мавзӯи мисвок ва хилол кардан аст, ки донистани он барои мардум аз боби беҳдоштӣ хеле муфид хоҳад буд.  Бино бар ин мо тасмим гирифтем то мухтасари онро пешкаши хонандаи муҳтарам намоем. 

Масъалаи панҷоҳу ҳаштум он аст, ки мисвок кардан ва хилол кардан ҳақ бинӣ ва савоб бинӣ.  Ва нохун боз кардан паси таҳорат кардан набинӣ. Ва Абдуллоҳ ибни Аббос, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят кунад, ки Расул, алайҳи-с-салом, гуфт: «Бар шумо бод ба мисвок кардан, ки дар мисвок кардан даҳ хислат аст:  аввал, покизагии даҳон аст; дуюм, хушнудии Раҳмон аст; сеюм, шодии фариштагон аст; чаҳорум, рӯшноии чашм аст; панҷум, сафедии дандон аст; шашум, он ки бехи  дандонҳоро сахт кунад; ҳафтум, он ки бӯи даҳонро хуш кунад; ҳаштум, он ки таомро бигуворад;  нуҳум, он ки балғамро бибарад; даҳум, он ки намозро азъоф кунад». 

Ҳамчунин, Абӯбакри Варроқи Тирмизӣ  гуфт, разия-л-Лоҳу анҳу: «Ба мо чунон расид, ки дар мисвок понздаҳ хислати сутуда аст:  аввал, даҳонро пок кунад; дуюм, мардумро фасеҳ кунад; сеюм, бунҳои дандонро сахт кунад; чаҳорум, бӯй бибарад;  панҷум, балғамро бибарад; шашум, савдоро  бинишонад; ҳафтум, иштиҳо орад; ҳаштум, чашмро равшан кунад; нуҳум, дандонро сафед кунад; даҳум, (151) Шайтонро ба хашм орад; ёздаҳум, хушнудии Ҳақ Таъоло бошад; дувоздаҳум, тамомии таҳорат бошад; сездаҳум, тандурустӣ орад;  чаҳордаҳум, мувофақати суннат бошад; понздаҳум, ҳасанот азъоф кардан. Ва ҳар ки дар таҳорат мисвок кунад, дар ҳасанот ва дараҷоти он кас бияфзояд ва намозаш яке ба ҳафтод бошад. Валекин мебояд, ки чӯби шоиста талаб кунад ва ба ҳар чӯб мисвок накунанд ва хилол накунад»… Ва дар хабар аст,  ки Расул, алайҳи-с-салом, дар масҷид нишаста буд, Ҷабраил омад, ки ё Расулуллоҳ, Ҳақ таъоло мегӯяд ва мефармояд, ки аз даҳ чӯб хилол накунӣ  ва умматони худро бигӯй, ки аз ин даҳ  чӯб хилол накунанд, ки ҳар ки аз ин даҳ чӯб хилол кунад, бемор шавад ва иллаташ  афзояд, зеро-н ки баъзе он чӯб заҳр аст, то аз ҳар чӯбе мисвок ва хилол накунад. Расул, алайҳи-с-салом, гуфт:  «Он даҳ чӯб кадом аст?» Гуфт:«Яке чӯби мозу; дуюм, чӯби анор;  сеюм, чӯби гул; чаҳорум, чӯби хурмо; панҷум, чӯби шоҳсипарғам;  шашум, чӯби судоб;  ҳафтум, чӯби субуст;  ҳаштум, чӯби гашниз; нуҳум, чӯби мӯрд;  даҳум, чӯби най. Ва бидон, ё Расулуллоҳ, ки ҳар ки аз чӯби мозу хилол кунад, баракат аз умри вай биравад.  Ва ҳар ки аз (152) чӯби анор хилол кунад, гаргин  шавад. Ва ҳар ки аз чӯби хурмо хилол кунад, дарди шақиқа дар вай бисёр шавад. Ва ҳар ки аз чӯби судоб хилол кунад, табаш бисёр шавад. Ва ҳар ки аз чӯби шоҳсипарғам  хилол кунад, даҳонаш бадбӯй  шавад. Ва ҳар ки аз чӯби субуст хилол кунад, рӯяш зард шавад. Ва ҳар ки аз чӯби гул хилол кунад, девонагӣ падид ояд. Ва ҳар ки аз чӯби мӯрд хилол кунад, иллатҳо бар танаш пайдо шавад.  Ва ҳар ки аз чӯби най хилол кунад, дарди чашм бисёр шавад. Ва ҳар ки (аз чӯби гашниз хилол кунад, ҳофизаро нуқсон кунад)». 

Тавре ки баён шуд, мо ин масъаларо хеле мухтасар аз китоби мазкур иқтибос кардем ва бешак ин гуфтаҳо дар ҷойи холӣ зуҳур накардаанд ва ин суханон аз таҷрибаҳои ҳазорсолаи инсоният гирифта шудаанд. Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед ба китоби Ас-Саводу-л-аъзам»-и  имом Абулқосим Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳакими Самарқандӣ муроҷиат намоед. 

 Таҳияи М.Шодиев

Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносӣ

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее